Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

731. ОГОҲӢ ЁФТАНИ БАҲРОМИ ГӮР АЗ МУРДАНИ ПАДАРАШ

Пас огоҳӣ омад ба Баҳроми Гӯр, Ки аз чарх шуд тахтро бахт шӯр. Падар - т он сарафрози шоҳон бимурд, Бимурду ҳам ӯ номи шоҳӣ бибурд. Бихӯрданд савганд яксар сипоҳ, К- аз ин тухма ҳаргиз нахоҳем шоҳ, Ки Баҳром фарзанди ӯ ҳамчу ӯст, Аз оби падар ёфт ӯ мағзу пӯст. Яке мард бар гоҳ биншонданд, Ба шоҳӣ ҳаме хусраваш хонданд. Чу бишнид Баҳром, рухро биканд, Зи марги падар шуд дилаш мустаманд, Баромад ду ҳафта зи шаҳри Яман Хурӯшидани мӯбаду марду зан. Чу як моҳ биншаст бо сӯги шоҳ, Сари моҳи навро биёрост гоҳ. Бирафтанд Нӯъмону Мунзар ба ҳам, Ҳама тозиёни Яман бешу кам. Ҳама зор бо шоҳ гирён шуданд, Абе оташ аз дард бирён шуданд. Забон баркушоданд аз он пас зи банд, Ки «Эй пурҳунар шаҳрёри баланд. Ҳама дар ҷаҳон хокро омадем, На ҷӯёи тарёкро омадем. Бимирад касе, к - ӯ зи модар бизод, Раҳаш чун ситам бинаму марг дод». Ба Мунзар чунин гуфт Баҳроми Гӯр, Ки «Акнун, ки шуд рӯзи мо тору тур, Аз ин тухма гар номи шоҳаншаҳӣ Гусиста шавад, бугсилад фарраҳӣ. Зи дашти саворон бароранд хок, Шавад ҷой бар тозиён - бар мағок. Пурандеша бошеду ёрӣ кунед. Ба марги падар сӯгворӣ кунед». Зи Баҳром бишнид Мунзар сухун, Ба мардӣ яке посух афканд бун. Чунин гуфт, к - «Ин рӯзгори ман аст, Бар ин дашт рӯзи шикори ман аст.