732. НОМА НАВИШТАНИ ЭРОНИЁН БА МУНЗАР ВА ПОСУХИ ОН
Чу эрониён огаҳӣ ёфтанд,
Якояк сӯи чора биштофтанд.
Чу гаштанд аз он ранҷ яксар сутӯҳ,
Нишастанд бо якдигар ҳамгурӯҳ,
Ки ин кор аз андоза андаргузашт
Зи Руму зи Ҳинду саворони дашт.
Яке чора бояд кунун сохтан,
Дилу ҷон аз ин ранҷ пардохтан.
Биҷустанд он гаҳ фиристодае,
Сухангӯву бинодил, озодае.
Куҷо номи он гав Ҷувонӯй буд,
Дабире бузургу сухангӯй буд.
Бад-он то ба наздики Муанзар шавад,
Сухан гӯяду гуфти ӯ бишнавад.
Ба Мунзар бигӯяд, ки эй сарфароз,
Ҷаҳонро ба номи ту омад ниёз,
Нигаҳдори Эрону Мукрон туӣ,
Ба ҳар ҷой пушти далерон туӣ.
Чу ин тахт бешоҳу бетоҷ гашт,
Зи хун марз чун парри дурроҷ гашт.
Ту, гуфтем, бошӣ худованди марз,
Ки ин марзро аз ту дидем арз.
Кунун ғорат аз тусту хун рехтан,
Ба ҳар ҷой тороҷу овехтан,
Набудӣ чунин пеш аз ин бадкуниш,
Зи нафрин натарсиву аз сарзаниш.
Нигаҳ кун бад-ин, то писанд оядат,
Ба пиронсар ин судманд оядат.
Ҷуз аз ту яке доваре дигар аст,
К-аз андешаи бартарон бартар аст.
Бигӯяд фиристода чизе, ки дид,
Сухан низ к-аз кордонон шунид.
Ҷувонуйи доно зи пеши сарон
Биёмад сӯи дашти найзаварон.
Ба Мунзар сухан гуфту нома бидод,
Суханҳои эрониён кард ёд.
Суханҳош бишнид шоҳи араб,
Ба посух бад-ӯ ҳеҷ накшод лаб.