Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

733. ОМАДАНИ БАҲРОМИ ГӮР ДАР ҶАҲРАМ ВА РАФТАНИ ЭРОНИЁН БА НАЗДИ Ӯ

Худу шоҳ Баҳром бо ройзан Нишастанду гуфтанд бе анҷуман. Гузин кардаш аз тозиён сӣ ҳазор, Ҳама найзадор аз дари корзор. Ба динорашон яксар обод кард, Сари номдорон пур аз бод кард. Чу огоҳии он ба Эрон расид, Ҷувонуй назди далерон расид. Бузургон аз он кор ғамгин шуданд, Бари озари поки Барзин шуданд. Зи Яздон ҳаме хостанд он ки разм Магар бозгардад ба шодиву базм. Чу Мунзар ба наздики Ҷаҳрам расид, Бар он дашти беоб лашкар кашид, Саропарда зад низ Баҳромшоҳ, Ба гирд андаромад зи ҳар сӯ сипоҳ. Ба Мунзар чунин гуфт, к- «Эй ройзан, Ба Ҷаҳрам кашидӣ зи шаҳри Яман. Кунун ҷанг созем бо гуфтугӯй, Чу лашкар ба рӯй андароранд рӯй». Бад-ӯ гуфт Мунзар: «Меҳонро бихон, Чу оянд пешат, биёрой хон. Суханҳояшон бишнаву гӯ сухун, Касе тез гӯяд, ту тезӣ макун, Биҷӯем, то чистшон дар ниҳон, Киро хонд хоҳанд шоҳи ҷаҳон? Чу дониста шуд, чораи он кунем, Гар осон бувад кина пинҳон кунем. В-ар эдун дар ин кина ҷанг оваранд, Бупечанду хӯйи паланг оваранд, Ман ин дашти Ҷаҳрам чу дарё кунам, Зи хуршеди тобон Сурайё кунам. Бар онам, ки бинанд чеҳри туро, Чунин бурзи болову меҳри туро. Хирадмандиву рою фарҳанги ту, Шикебоиву донишу санги ту. Нахоҳанд ҷуз ту касе тахтро, Кулаҳрову зебоии бахтро.