Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

734. СУХАНИ БАҲРОМ БО ЭРОНИЁН ДАР БОРАИ ШОИСТАГИИ ХУД БА ПОДШОҲӢ ВА САР ТОФТАНИ ЭШОН АЗ ОН

Чунин гуфт Баҳром, к- «Эй меҳтарон, Ҷаҳондидаву солхӯрда сарон, Падар бар падар подшоҳӣ марост, Чаро бахшиш акнун барои шумост? Ба овоз гуфтанд эрониён, Ки моро шикебо макун бар зиён! Нахоҳем яксар ба шоҳӣ туро, Бару бум моро, сипоҳӣ туро. К-аз ин тухма пурдоғу дудему дард, Шабу рӯз бо печишу боди сард». Чунин гуфт Баҳром, к- «Оре, равост, Ҳаво бар дили ҳар касе подшост. Маро гар нахоҳед, бе ройи ман Чаро кас нишонед бар ҷойи ман?» Чунин гуфт мӯбад, ки аз роҳи дод На кеҳтар гурезад, на хусравнажод. Ту аз мо яке бошу шоҳе гузин, Ки хонанд ҳар кас бар ӯ офарин. Се рӯз андар ин кор шуд рӯзгор, Ки ҷӯянд аз Эрон яке шаҳрёр. Фурӯзандаи тоҷу тахту камар. Навиштанд кас номи сад номвар, Аз ин сад яке номи Баҳром буд, Ки ӯ подшоҳи дилором буд. Аз ин сад ба панҷоҳ бозомаданд, Пур аз чораву пурниёз омаданд. Зи панҷоҳ Баҳром буд аз нахуст, Агар ҷуст ҷойи падар, дод ҷуст. Зи панҷоҳ сиро навиштанд ном, Гузинони Эрони боному ком. Зи сӣ низ Баҳром буд пешрав, Ки ҳам тоҷвар буду ҳам шоҳи нав. Зи сӣ низ карданд мӯбад чаҳор, В-аз он чор Баҳром буд шаҳрёр. Чу танг андаромад зи шоҳӣ сухан, Зи Эрон ҳар он кас, ки буд ӯ куҳан, Нахоҳем, гуфтанд, Баҳромро, Далеру сабуксору худкомро.