735. СУХАН ГУФТАНИ БАҲРОМ БО ЭРОНИЁН АЗ ШОИСТАГИИ ХУД БА ПОДШОҲӢ
Чунин гуфт Баҳром, к-«Эй меҳтарон,
Ҷаҳондидаву коркарда сарон,
Ҳама рост гуфтеду з-ин бадтар аст,
Падарро накӯҳиш кунам дарх(в)ар аст.
Аз ин чошнӣ ҳаст наздики ман,
Аз ӯ тира шуд ройи борики ман.
Ки айвони ӯ буд зиндони ман,
Чу бахшоиш овард Яздони ман,
Раҳонида Тайнушам аз дасти ӯй,
Бишуд хаста коми ман аз шасти ӯй.
Аз он кардаам дашти Мунзар паноҳ,
Ки ҳаргиз надидам навозиш зи шоҳ.
Бад-он хӯ мабодо, ки мардум бувад,
Чу бошад, пайи мардумӣ гум бувад.
Сипосам зи Яздон, ки додам хирад,
Равонам ҳаме аз хирад бар хӯрад.
Зи Яздон ҳаме хостам то кунун,
Ки бошад ба хубӣ маро раҳнамун,
Ки то ҳар чӣ бо мардумон кард шоҳ,
Бишӯем мо ҷону дил з-он гуноҳ.
Таносониву дод ҷӯям ҳама,
Шубон бошаму зердастон рама.
Ба коми дили зердастон зиям,
Бар оини яздонпарастон зиям.
Маниш ҳасту фарҳангу рою ҳунар,
Надорад ҳунар шоҳи бедодгар.
Лаимиву кажжӣ зи бечорагист,
Ба бедодгар-бар бибояд гирист.
Падар бар падар подшоҳӣ марост,
Хирадмандиву некхоҳӣ марост.
Зи Шопури Баҳром то Ардашер
Ҳама шаҳриёрони барнову пир
Падар бар падар-бар ниёи мананд,
Ба дину хирад раҳнамои мананд.
Зи модар набера Шамироншаҳам,
Зи ҳамгаҳварӣ бо хирад ҳамраҳам.
Ҳунар ҳам, хирад ҳам, бузургим ҳаст,
Савориву мардиву нерӯи даст.