Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

736. ПАЙМОН КАРДАНИ ЭРОНИЁН БО БАҲРОМ ДАР БОРАИ ПОДШОҲӢ БА ШАРТИ БАРДОШТАНИ ТОҶ АЗ МИЁНИ ШЕРОН

Яке бо шумо боз паймон кунам, Забонро ба Яздон гаравгон кунам. Биёрем шоҳаншаҳӣ тахти оҷ, Бараш барниҳем ин гаронмоя тоҷ. Зи беша ду шери жаён оварем, Ҳамон тоҷро дар миён оварем. Бубандем шери жаён бар ду сӯй, Касеро, ки шоҳӣ кунад орзуй, Шавад, тоҷ баргирад аз тахти оҷ, Ба сар барниҳад номбардор тоҷ. Ба шоҳӣ нишинад миёни ду шер, Миён шоҳу тоҷ аз бару тахт зер. Ҷуз ӯро нахоҳем кас подшо, Агар додгар бошаду порсо. В-агар з-ин, ки гуфтам, битобед ёл, Гузинед гарданкашеро ҳамол, Ману Мунзару гурзу шамшери тез, Надонанд гурдони тозӣ гурез. Барорем гард аз шаҳаншоҳатон, Сарафшон кунем аз бари моҳатон, Бигуфтам, шумо низ посух диҳед, Бад-ин доварӣ ройи фаррух ниҳед». Бигуфт ину бархост, дар хайма шуд, Ҷаҳоне зи гуфтораш осема шуд. Ба Эрон раду мӯбаду ҳар кӣ буд, Ки гуфтори он шоҳи доно шунуд. Бигуфтанд, к-«Ин фарраи эзадист, На аз роҳи кажживу нобихрадист. Нагӯяд ҳаме як сухан ҷуз ба дод, Сазад, гар дил аз од дорем шод. Кунун он чи гуфт ӯ зи шери жаён, Ҳамон тахту тоҷи кайӣ дар миён. Гар ӯро бидарранд шерони нар, Зи хунаш напурсад зи мо додгар. Чу худ гуфту ин ройро худ ниҳод, Ҳамон гар бимирад, бибошем шод. В-ар эдун куҷо тоҷ бардорад ӯй, Ба фарр аз Фаридун гузар дорад ӯй,