Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

737. ТОҶ БАРДОШТАНИ БАҲРОМИ ГӮР АЗ МИЁНИ ШЕРОН

Гузашт он шабу бомдоди пагоҳ Биёмад, нишаст аз бари гоҳ шоҳ. Фиристоду эрониёнро бихонд, Зи рӯзи гузашта фаровон биронд. Ба овоз гуфтанд пас мӯбадон, Ки «Эй шоҳи донотар аз бихрадон, Ба шоҳаншаҳӣ-дар чӣ пеш оварӣ, Чу гирӣ ба мардиву кундоварӣ? Чӣ пеш орӣ аз доду аз ростӣ, К-аз он гум шавад кажживу костӣ?» Чунин дод посух ба фарзонагон, Бад-он номдорону мардонагон, Ки «Бахшиш бияфзоям аз гуфтугӯй, Бикоҳам зи бедодиву ҷустуҷӯй. Касеро куҷо подшоҳӣ сазост, Заминро бар эшон бубахшем рост. Кеҳонро бидорам ба рою ба дод, Чу эмин кунам, бошам аз дод шод. Касеро, ки дарвеш бошад ҳаниз, Зи ганҷи ниҳода бубахшем чиз. Гунаҳкардаро панд пеш оварем, Чу дигар кунад, банд пеш оварем. Сипаҳро ба ҳангом рӯзӣ диҳем, Хирадмандро дилфурӯзӣ диҳем. Ҳамон рост дорем дил бо забон, Зи кажживу торӣ бупечам равон. Касе к-ӯ бимирад, набошад-ш хеш, В-аз ӯ чиз монад зи андоза беш, Ба дарвеш бахшам, наёрам ба ганҷ, Набандам дил андар сарои сипанҷ. Ҳама рой бо кордонон занам, Ба тадбир пушти ҳаво бишканам. Зи дастур пурсем яксар сухун, Чу кори нав афканд хоҳем бун. Касе к-ӯ ҳаме дод хоҳад зи ман, Наҷӯям парогандани анҷуман. Диҳам доди он кас, ки ӯ дод хост, Ба чизе наронам сухан ҷуз ба рост.