Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

738. РАФТАНИ БАҲРОМ ВА ХУСРАВ БА ҲОМУН ВА КУШТАНИ БАҲРОМ ШЕРОНРО ВА БАР ТАХТ НИШАСТАН

Чу Баҳрому Хусрав ба ҳомун шуданд, Бари шер бо дил пур аз хун шуданд. Чу Хусрав бидид он ду шери жаён, Ниҳода яке афсар андар миён. Бад –он мӯбадон гуфт: «Тоҷ аз нахуст Сазовори он шуд, ки шоҳӣ биҷуст. Ва дигар, ки ман пираму ӯ ҷавон, Ба ҷанголи шери жаён нотавон, Бад-ин кор ӯ пешдастӣ кунад, Зи барноиву тандурустӣ кунад. Бад - ӯ гуфт Баҳром, к - «Оре, равост, Ниҳонӣ надорем гуфтори рост. Яке гурзаи говсар баргирифт, Ҷаҳоне бад - ӯ монда андар шигифт. Бад - ӯ гуфт мӯбад, ки эй подшо, Хирадманду бодонишу порсо, Ҳаме ҷанги шерон кӣ фармоядат, Ба ҷуз подшоҳӣ чӣ афзоядат? Ту ҷон аз пайи подшоҳӣ мадеҳ, Танатро ба хира табоҳӣ мадеҳ. Ҳама бегуноҳему ин кори туст, Ҷаҳонро ҳама дил ба бозори туст». Бад - ӯ гуфт Баҳром, к-«Эй динпажӯҳ, Ту з - ин бегуноҳиву дигар гурӯҳ. Ҳамоварди ин наррашерон манам, Харидори ҷанги далерон манам». Бад - ӯ гуфт мӯбад: «Ба Яздон паноҳ, Чу рафтӣ, дилатро бишуй аз гуноҳ». Чунон кард, к - ӯ гуфт Баҳромшоҳ, Дилаш пок шуд, тавба кард аз гуноҳ. Ҳаме рафт бо гурзаи говрӯй, Чу диданд шерони пархошҷӯй, Яке зуд занҷир бугсисту банд, Биёмад бари шаҳрёри баланд, Бизад бар сараш гурз Баҳроми гурд, Зи чашмаш ҳама равшаноӣ бибурд. Бари дигар омад, бизад бар сараш, Фурӯ рехт аз дида хун бар бараш.