Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

739. НИШАСТАНИ БАҲРОМ БАР ТАХТ ВА АНДАРЗ КАРДАН БА САРДОРОН ВА НОМАҲО БАР МЕҲТАРӢ НАВИШТАН

Чу бар тахт биншаст Баҳроми Гӯр, Ба шоҳӣ бар ӯ офарин хонд ҳур. Парастиш гирифт офаринандаро, Ҷаҳондори бедори бинандаро. Худованди пирӯзиву бартарӣ, Худованди афзуниву камтарӣ. Аз он пас чунин гуфт, к - «Ин тоҷу тахт Аз он ёфтам, к - офаридаст бахт. Бад-ӯ дорам уммеду з - ӯям ҳарос, В- аз ӯ дорам аз некуиҳо сипос. Шумо ҳам бад - ӯ низ нозиш кунед, Бикӯшед, то аҳди ӯ нашканед». Забон баркушоданд эрониён, Ки «Бастем мо бандагиро миён, Ки ин тоҷ бар шоҳ фархунда бод, Ҳамеша дилу бахти ӯ зинда бод! В-аз он пас куҷо офарин хонданд, Ҳама пеши ӯ гавҳар афшонданд. Чунин гуфт Баҳром: «Эй саркашон, Зи неку бади рӯз дида нишон. Ҳама бандагонему Эзад якест, Парастиш ҷуз ӯро сазовор нест. Зи бадрӯз бебим дорематон, Ба бадхоҳ ҳоҷат наёрематон». Бигуфт ину аз пеш бархостанд, Бар ӯ офарини нав оростанд. Шаби тира буданд богуфтугӯй, Чу хуршед бар чарх бинмуд рӯй, Ба ором биншаст бар гоҳ шоҳ, Бирафтанд эрониён борхоҳ. Чунин гуфт Баҳром бо меҳтарон, Ки «Эй номдорону некхатарон, Ба Яздон гироему ромиш кунем, Нанозему дил аз ҷаҳон барканем». Бигуфт ину аспи гавон хостанд, Кайи боргоҳаш биёростанд. Се дигар чу биншаст бар тахт, гуфт, Ки «Расми парастиш набояд нуҳуфт,