740. ПАДРУД ГУФТАНИ БАҲРОМИ ГӮР МУНЗАР ВА НӮЪМОНРО ВА БАХШИДАНИ БОЖИ БОҚӢ БО ЭРОНИЁН
Дигар рӯз чун бардамид офтоб.
Биполуд кӯҳу биёлуд хоб.
Ба наздики Мунзар шуданд ин гурӯҳ,
Ки Баҳром аз эшон ҳаме буд сутӯҳ,
Ки хоҳишгарӣ кун ба наздики шоҳ,
Зи кирдори мо то бубахшад гуноҳ
Ки чунон шудем аз бади Яздгурд,
Ки хун дар дили номдорон фусурд.
Зи бас зишт кирдору гуфтори ӯй,
Зи бедодиву дарду озори ӯй.
Дили мо зи Баҳром аз он буд сард,
К-аз он шоҳ будем яксар ба дард.
Бишуд Мунзару шоҳро кард нарм,
Бигустурд пешаш суханҳои гарм.
Бубахшид, агаршон басе буд гуноҳ,
Ки богавҳару додгар буд шоҳ.
Биёрост айвони шоҳаншаҳӣ,
Бирафт, он ки будаш беҳиву меҳӣ.
Чу ҷойи бузургӣ бипардохтанд,
Киро буд шоиста, биншохтанд,
Дувум рӯз рафтанд дигар гурӯҳ,
Замоне зи хӯрдан наёмад сутӯҳ.
Ба се рӯз ҷашну маю сур буд,
Ғам аз кохи шоҳи ҷаҳон дур буд.
Бигуфт он, ки Нӯъмону Мунзар чӣ кард
Зи баҳри ман ин покзода ду мард.
Ҳама меҳтарон хонданд офарин
Бар он дашти ободу мардони кин.
В-аз он пас дари ганҷ букшод шоҳ,
Ба динору дебо биёрост гоҳ.
Ба аспу ситому ба хафтони ҷанг,
Зи бӯву зи ҳар гавҳаре ранг - ранг
Саросар ба Нӯъмону Мунзар супурд,
Ҷувонӯй рафт, он бад-эшон шумурд.
Кас андозаи бахшиши ӯ надошт,
Ҳамон тоб бо кӯшиши ӯ надошт.
Ҳамон тозиёнро басе ҳадя дод,
Аз айвони шоҳӣ бирафтанд шод.