741. ДОСТОНИ БАҲРОМИ ГӮР БО ЛАНБАКИ ОБКАШ
Чунон буд, ки рӯзе ба нахчири шер
Ҳаме рафт бо чанд гурди далер.
Бишуд пирмарде асое ба даст,
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй шоҳи яздонпараст,
Ду марданд, шоҳо, бад-ин шаҳри мо,
Яке бонаво, дигаре бенаво.
Бироҳом мардест пурсиму зар,
Ҷуҳуде фиребандае бадгуҳар.
Ба озодагӣ Ланбаки Обкаш,
Ба ороиши хону гуфтори х(в)аш.
Бипурсид аз ин, меҳтарон, к - эй кианд,
Зи гуфтори ин пирсар бар чианд?»
Чунин гуфт бо ӯ яке порсо
Ки «Эй номвар, богуҳар подшо,
Сақоест ин Ланбаки Обкаш,
Ҷавонмарду бо хону гуфтори х(в)аш.
Ба як нимрӯз об дорад нигоҳ,
Дигар нима меҳмон биҷӯяд ба роҳ.
Намонад ба фардо аз имрӯз чиз,
Нахоҳад, ки дар хона монад-ш низ.
Бироҳоми бебар ҷуҳудест зуфт,
Куҷо зуфтии ӯ нашояд нуҳуфт.
Дирам дораду ганҷу динор низ,
Ҳамон фарши дебову ҳар гуна чиз.
Мунодигареро бифармуд шоҳ,
Ки рав, бонг зан пеши бозоргоҳ,
Ки ҳар кас, к-аз ин Ланбаки Обкаш
Хирад оби хӯрдан, набошад-ш х (в) аш».
Ҳаме буд то зард гашт офтоб,
Нишаст аз бари бораи зудёб.
Сӯи хонаи Ланбак омад чу бод,
Бизад ҳалқа бар чӯбу овоз дод:
«Манам саркаше, - гуфт, - аз эронсипоҳ,
Чу шаб тира шуд, бозмондам зи роҳ.
Бад-ин хона имшаб дирангам диҳӣ,
Ҳама мардумӣ бошаду фарраҳӣ».
Бишуд шод Ланбак зи овози ӯ,
В - аз он хуб гуфтори дамсози ӯ,