742. ДОСТОНИ БАҲРОМИ ГӮР БО БИРОҲОМИ ҶУҲУДӢ
Пас аз лашкари хеш Баҳром тафт,
Сабук сӯи хони Бироҳом рафт.
Бизад дар, бад-ӯ гуфт, к-«Аз шаҳрёр
Бимондам чу бозомад ӯ аз шикор.
Шаб омад, надонам ҳаме роҳро,
Наёбам ҳаме лашкари шоҳро.
Гар имшаб бад-ин хона ёбам сипанҷ,
Набошад касеро зи ман ҳеҷ ранҷ».
Ба пеши Бироҳом шуд пешкор,
Бигуфт, он чи бишнид аз он номдор.
Бироҳом гуфто, к-«Аз ин дар маранҷ,
Бигӯяш, ки эдар наёбӣ сипанҷ».
Биёмад фиристода, бо ӯ бигуфт,
Ки эдар туро нест ҷойи нуҳуфт.
Бад-ӯ гуфт Баҳром: «Бо ӯ бигӯй.
К-аз эдар гузаштан маро нест рӯй.
Ҳаме аз ту хоҳам ҳам имшаб сипанҷ,
Наёрам ба чизет з - он пас ба ранҷ».
Чу бишнид, пӯён бишуд пешкор,
Ба назди Бироҳом шуд, к - «Ин савор
Ҳаме з-эдар имшаб нахоҳад гузашт,
Сухан гуфтану рой бисёр гашт».
Бироҳом гуфташ, ки «Рав бедиранг,
Бигӯяш, ки ин ҷойгоҳ аст танг.
Ҷуҳудест дарвешу шаб гурсуна,
Бихуспад ҳаме бар замин барҳана».
Бигуфтанду Баҳром гуфт: «Ар сипанҷ
Наёбам бад - ин хона, к - ояд-т ранҷ,
Бад - ин дар бихуспам, нахоҳам сарой,
Надорам ба чизи дигар ҳеҷ рой».
Бироҳом гуфт: «Эй набардасавор,
Ҳаме ранҷа дорӣ маро хор - хор.
Бихуспиву чизет дуздад касе,
Аз ин дар маро ранҷ дорӣ басе.
Ба хона дарой, ар ҷаҳон танг шуд,
Ҳама кор бебаргу беранг шуд.
Ба паймон, ки чизе нахоҳӣ зи ман,
Надорам ба марг обчину кафан