Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

743. БАХШИДАНИ БАҲРОМИ ГӮР ХОСТАИ БИРОҲОМ ЛАНБАКРО

Бирафту биёмад ба айвони хеш, Ҳама шаб ҳаме сохт дармони хеш. Пурандеша он шаб ба айвон нахуфт, Бихандиду он роз бо кас нагуфт. Ба шабгир чун тоҷ бар сар ниҳод, Сипаҳро саросар ҳама бор дод. Бифармуд, то Ланбаки Обкаш Бишуд пеши ӯ даст карда ба каш. Бибурданд пӯён Бироҳомро, Ҷуҳуди бадандеши бадномро. Чу дар боргаҳ рафт, биншонданд, Яке покдил мардро хонданд. Бад-ӯ гуфт: «Рав, борагиҳо бубар, Нигар, то набошӣ ба ҷуз додгар. Ба хони Бироҳом шав бекиёр, Нигар, то чӣ ёбӣ ниҳода, биёр». Бишуд покдил то ба хони ҷуҳуд, Ҳама хона дебову динор буд. Зи пӯшиданӣ, ҳам зи афканданӣ, Зи густурданӣ, ҳам зи оганданӣ. Яке корвонхона андар сарой, Набуд коларо бар замин низ ҷой. Зи дурру зи ёқут ҳар гавҳаре, Гаҳе бадрае, бар сараш афсаре. Надонист мӯбад мар онро шумор, Шутур хост аз дашти Ҷаҳрам ҳазор. Ҳаме бор карданду чизе намонд, Сабук некдил корвонҳо биронд. Чу бонги даро омад аз боргоҳ, Бишуд марди бино, бигуфт ин ба шоҳ, Ки «Гавҳар фузун з-ин ба ганҷи ту нест, Ҳамон монда харвор бошад дувист». Бимонд андар он шоҳи Эрон шигифт, Зи ози дил андешаҳо баргирифт, Ки чандин биварзид марди ҷуҳуд, Чу рӯзӣ набудаш, зи варзиш чӣ суд? Аз он сад шутурвор зарру дирам, Зи густурданиҳову аз бешу кам