Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

744. ДОСТОНИ БАҲРОМИ ГӮР БО МЕҲРБУНДОД

Чу юзи шикорӣ ба кор омадаш, Биҷунбиду ройи шикор омадаш. Яке бораи тезрав барнишаст, Ба ҳомун хиромид бозе ба даст. Яке беша пеш омадаш пурдарахт, Нишастангаҳи мардуми некбахт. Ба сони биҳиште яке сабзҷой, Надид андар ӯ мардуму чорпой. Чунин гуфт, к-«Ин ҷойи шерон бувад, Чунин беша ҷойи далерон бувад». Ба беша - дарун гирд баргашт шоҳ, Ҳамекард ҳар ҷой лахте нигоҳ. Бад-он беша-андар яке шер дид, Дари чораи шер шамшер дид. Яке бонг барзад бар он наррашер, Камонро ба зеҳ кард марди далер. Бизад тиру паҳлӯш бо дил бидӯхт, Дили шери мода бар ӯ-бар бисӯхт. Ҳамон мода оҳанги Баҳром кард, Биғурриду чангаш ба андом кард. Яке теғ зад бар миёнаш савор, Фурӯ монд ҷангӣ дад аз корзор. Бурун омад аз беша марди куҳан, Забонаш кушода ба ширин сухан, Куҷо номи ӯ Меҳрбундод буд, Бад-он захми шамшер ӯ шод буд. Яке марди деҳқону яздонпараст, Бад-он беша будиш ҷойи нишаст. Чу омад бари шоҳи Эрон фароз, Бар ӯ офарин карду бурдаш намоз. Бад-ӯ гуфт, к-«Эй меҳтари номдор, Ба коми ту бод ахтари рӯзгор. Яке марди деҳқонам, эй покрой, Худованди ин марзу гашту сарой. Худованди гову хару гӯспанд, Зи шерон шуда баддилу мустаманд, Кунун Эзад ин кор бар дасти ту Бароварду бар қабзаву шасти ту.