745. ДОСТОНИ БАҲРОМИ ГӮР БО КАБРӮЙ ВА ҲАРОМ КАРДАНИ Ӯ МАЙРО
Чу биншаст, май хост аз бомдод,
Бузургони лашкар бирафтанд шод.
Биёмад ҳамон гаҳ яке марди меҳ,
Варо мева овард лахте зи деҳ.
Шутурворҳо нору себу биҳӣ,
Зи гул дастаҳо карда шоҳаншаҳӣ.
Ҷаҳондор чун дид, бинвохташ,
Миёни ялон ҷойгаҳ сохташ.
Ҳамин меҳ, ки бо меваву бӯй буд,
Варо паҳлавӣ ном Кабрӯй буд.
Чу шуд мард хуррам зи дидори шоҳ
В-аз он номдорону он ҷашнгоҳ,
Яке ҷом дид ӯ, пур аз май булӯр,
Ба дил-ш-андар афтод аз он ҷом шӯр».
Ба ёди шаҳаншоҳ бигрифт ҷом,
«Манам - гуфт, - майхора Кабрӯй ном».
Ба рӯи шаҳаншоҳ ҷоми набид
Ба як дам ҳамон гоҳ андаркашид.
Бигуфт ину з-он ҳафт барҳам бих(в)ард
В-аз он майпарастон баровард гард.
Ба дастурии шоҳ берун гузашт,
Кӣ донад, ки дар тан маяш чун гузашт?
Аз он шаҳр хуррам биёмад ба дашт,
Чу дар синаи мард май гарм гашт,
Барангехт асп аз миёни гурӯҳ,
Зи ҳомун ҳаме тохт то сӯи кӯҳ.
Фуруд омад аз асп ҷойи нуҳуфт,
Нигаҳ кард, дар соядоре бихуфт.
Зи кӯҳ андаромад кулоғе сиёҳ,
Ду чашмаш биканд андар он хобгоҳ.
Ҳаме тохтанд аз паси ӯ гурӯҳ,
Варо мурда диданд дар пеши кӯҳ.
Ду чашмаш зи сар канда зоғи сиёҳ,
Бараш аспи ӯ истода ба роҳ.
Бар ӯ кеҳтаронаш хурӯшон шуданд,
В-аз он маҷлису ҷом ҷӯшон шуданд.
Чу Баҳром бархост аз хобгоҳ,
Баромад бари ӯ яке некхоҳ,