Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

746. ДОСТОНИ КӮДАКИ КАФШГАР БО ШЕР ВА ҲАЛОЛ КАРДАНИ БАҲРОМИ ГӮР МАЙРО

Бад-ин гуна бугзашт соле тамом, Ҳаме доштӣ ҳар касе май ҳаром. Ҳамон шоҳ чун маҷлис оростӣ, Ҳаме номаи бостон хостӣ. Чунин то яке кӯдаке кафшгар Зане хост бочизу ному ҳунар. Фарозаш наёмад бад-он кори сахт, Ҳаме зор бигрист момаш зи бахт. Ҳамоно ниҳон дошт лахте набид, Писарро бад-он хона андаркашид. Ба пури ҷавон гуфт: «Аз ин ҳафт ҷом Бихӯр, то шавӣ эмину шодком. Магар бишканӣ имшаб ин мӯҳри танг, Куланг аз намад кай канад кони санг». Бизад кафшгар з-он мае ҳафт-ҳашт, Ҳамоно паю пӯсташ сахт гашт. Ҷавонмардро ҷом густох кард, Биёмад, дари хона сӯрох кард. В-аз он ҷойгаҳ шуд бари моми хеш, Бишуд шоддил ёфта коми хеш. Чунон буд, ки аз хони шерони шоҳ Яке банд бугсасту омад ба роҳ. Зи бода ҳанӯз он писар маст буд, Ба дарё даҳ ангушти ӯ шаст буд. Бишуд тезу бар шери ғуррон нишаст, Биёзид бигрифт гӯшаш ба даст. Бад-он гоҳ шери яла сер буд, Ғулом аз бару шер дар зер буд. Ҳамешуд пасаш шербон чун наванд, Ба як даст занҷиру дигар каманд. Яке кафшгар дид бар пушти шер, Нишаста чу бар хар саворе далер. Биёмад давон то дари боргоҳ, Далер андаромад ба наздики шоҳ. Бигуфт он шигифтӣ, ки худ дида буд, Ба дида бидид, он ки нашнида буд. Ҷаҳондор аз он дар шигифтӣ бимонд, Зи дар мӯбадону радонро бихонд.