Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

747. ВАЙРОН КАРДАНИ МӮБАДИ БАҲРОМИ ГӮР ДЕҲРО ВА БОЗ ОБОД КАРДАНАШ

Биёмад дигар рӯз шабгир шоҳ Сӯи дашти нахчири худ бо сипоҳ. Ба дасти чапаш Ҳурмузи кадхудой Сӯи росташ мӯбади покрой Бар ӯ достонҳо ҳаме хонданд, Зи Ҷамму Фаридун сухан ронданд. Сагу юз дар пешу шоҳину боз Ҳаме ронд бар дашт рӯзи дароз. Чу хуршеди тобон ба гунбад расид, Ба ҷое пайи гӯру оҳу надид. Зи хуршеди тобон дижамсоз гашт, Зи нахчиргаҳ тангдил бозгашт. Ба пеш андаромад яке сабзҷой, Пур аз хонаву мардуму чорпой. Аз он деҳ фаровон ба роҳ омаданд, Назора ба пеши сипоҳ омаданд. Ҷаҳондор пурхашму пуртоб буд, Ҳаме хост, к-ояд бад-он деҳ фуруд. Накарданд аз он деҳ касе офарин, Ту гуфтӣ, бубаст он харонро замин. Аз он мардумон тангдил гашт шоҳ, Ба хубӣ накард андар эшон нигоҳ. Ба мӯбад чунин гуфт Баҳромшоҳ, Ки «Чунин бадахтар яке ҷойгоҳ. Куноми даду дому нахчир бод, Ба ҷӯй-андарун обашон қир бод». Бидонист мӯбад, ки фармони шоҳ Чӣ буд андар он, сӯи деҳ шуд зи роҳ. Бад-эшон чунин гуфт, к-«Ин сабзҷой Пур аз меваву мардуму чорпой Хуш омад шаҳаншоҳ Баҳромро, Яке тоза кард андар ин комро. Шуморо ҳама яксара кард меҳ, Бад-он то кунад шаҳр аз он хуб деҳ. Бад-ин деҳ зану кӯдакон меҳтаранд, Касеро набояд, ки фармон баранд. Аз ин деҳ чи муздуру чи кадхудой, Ба як роҳ бояд, ки доранд ҷой.