748. ДОСТОНИ БАҲРОМИ ГӮР БО ЧАҲОР ХОҲАРОН
Дигар ҳафта бо мӯбадону меҳон
Ба нахчир шуд шаҳрёри ҷаҳон.
Чунон шуд, ки моҳе ба нахчиргоҳ
Ҳаме бошаду май хӯрад бо сипоҳ.
Зи нахчири кӯҳу зи нахчири дашт
Гирифтан зи андоза андаргузашт.
Сӯи шаҳр шуд шодмон бо сипоҳ,
Шаб омад, ҷаҳон гашт яксар сиёҳ.
Бузургони лашкар ҳаме ронданд,
Суханҳои шоҳон ҳаме хонданд.
Яке оташе дид рахшон зи дур,
Бад-он сон, ки Баҳман кунад шоҳсур.
Шаҳаншаҳ бад-он равшанӣ бингарид,
Ба як сӯ деҳи хуррам омад падид.
Яке осиё дид дар пеши деҳ,
Нишаста пароканда мардони меҳ.
В-аз он рӯи оташ ҳама духтарон,
Яке ҷашнгаҳ сохта бар карон.
Зи гул ҳар яке бар сараш афсаре,
Нишонда ба ҳар ҷой ромишгаре.
Ҳама чомаи разми Хусрав заданд,
Замон то замон ҳар яке нав заданд.
Ҳама моҳрӯю ҳама ҷаъдмӯй,
Ҳама чарбгӯву ҳама мушкбӯй.
Ба наздики пеши дари осиё,
Ба ромиш кашида нахе бар гиё.
В-аз он ҳар яке дастаи гул ба даст,
Зи шодиву аз май шуда ниммаст.
В-аз он пас хурӯш омад аз ҷашнгоҳ,
Яке гуфт, к-ин ёди Баҳромшоҳ,
Ки бофарру бурз асту бо чеҳру меҳр,
Бад-ӯяст барпой гардонсипеҳр.
Ҳаме май чакад гӯӣ аз рӯи ӯй,
Ҳаме бӯи мушк ояд аз мӯи ӯй.
Шикораш набошад магар шеру гӯр,
Азерош хонанд Баҳроми Гӯр.
Ҷаҳондор, к-овози эшон шунид,
Инонро бупечиду з-он сӯ кашид.