749. ЁФТАНИ БАҲРОМИ ГӮР ГАНҶИ ҶАМШЕДРО
Дигар ҳафта омад ба нахчиргоҳ,
Худу мӯбаду вижагони сипоҳ.
Биёмад яке марди меҳтарпараст,
Чу боди дамону асое ба даст.
Бипурсиду гуфто, ки Баҳромшоҳ
Куҷо бошад андар миёни сипоҳ?
Бад-ӯ гуфт мӯбад: «Чӣ хоҳӣ, биҷӯй,
Ту шоҳи ҷаҳонро набинӣ ба рӯй?!»
Бад-ӯ дод посух, ки «То рӯи шоҳ
Набинам, нагӯям сухан бо сипоҳ».
Бари шоҳ бурданд ҷӯяндаро,
Чунон донишӣ марди гӯяндаро.
Биёмад чу Баҳромро дид, гуфт,
Ки «Бо ту сухан дорам андар нуҳуфт».
Инонро бупечид Баҳроми Гӯр,
Зи дидори лашкар бурун ронд бӯр.
Бад-ӯ гуфт мард: «Эй ҷаҳондор шоҳ,
Ба гуфтори ман кард бояд нигоҳ.
Бад-ин марз деҳқонаму кадхудой,
Худованди ин буму кишту сарой,
Ҳаме об бурдам бад-ин марзи хеш,
Ки дар кор пайдо кунам арзи хеш,
Чу бисёр гашт обу густох шуд,
Миёни яке марз сӯрох шуд.
Шигифтӣ хурӯше ба гӯш омадам,
К-аз он саҳм аз ҷон хурӯш омадам.
Ҳаме омад аз об овои санҷ,
Хурӯшаш ҳаме раҳ намояд ба ганҷ».
Чу бишнид Баҳром, аз он сӯ кашид,
Ҳама дашт пурсабзаву об дид.
Бифармуд, то коргар бо гуроз
Биёранд чанде зи роҳи дароз.
Фуруд омад аз асп шоҳи баланд,
Широъе заданд аз бари киштманд.
Шаб омад гавон шамъ бифрӯхтанд,
Ба ҳар ҷой оташ ҳаме сӯхтанд.
Зи дарё чу хуршед барзад дирафш,
Чу масқул гашт он ҳавои бунафш.