750. ДОСТОНИ БАҲРОМИ ГӮР БО БОЗУРГОНЕ ВА ШОГИРДИ Ӯ
Дигар ҳафта рӯзе ба нахчир шуд,
Дижам буд бо таркашу тир шуд.
Зи хуршеди тобанда шуд дашт гарм,
Сипаҳбад зи нахчир баргашт нарм.
Сӯи кохи бозоргоне расид,
Ба ҳар сӯ нигаҳ карду касро надид,
Ба бозоргон гуфт: «Моро сипанҷ
Тавон кард, к-аз мо набинӣ ту ранҷ».
Чу бозоргонаш фуруд оварид,
Бигашту яке шоҳро ҷо гузид.
Ҳаме буд нолон зи дарди шикам,
Ба бозоргон дод лахте дирам.
Бад-ӯ гуфт: «Лахте панири куҳун,
Або мағзи бодом бирён бикун».
Наёвард бозоргон он чи гуфт,
Набуд мағзи бодомаш андар нуҳуфт.
Чу торик шуд, мизбон рафт нарм,
Яке мурғи бирён биёвард гарм.
Биёрост хон, пеши Баҳром бурд,
Ба бозоргон гуфт Баҳроми гурд,
Ки «аз ту панири куҳан хостам,
Забонро ба хоҳиш биёростам
Наёвардиву дода будам дирам,
Ки «Ноланда будам зи дарди шикам».
Чунин дод посух, ки «Эй бехирад,
Надорӣ хирад, то равон парварад.
Чу овардам ин мурғи бирёни гарм,
Фузун хостан нест оини шарм».
Чу бишнид Баҳром аз ӯ ин сухан,
Бишуд з-орзуяш панири куҳан.
Пушаймон шуд аз гуфти худ, нон х(в)ард,
Бар ӯ низ ёди гузашта накард.
Чу ҳангомаи хоб будаш, бихуфт,
Ба бозоргон чизи дигар нагуфт.
Зи дарёи ҷӯшон чу хур бардамид,
Шуд он чодари қиргун нопадид,
Ҳаме гуфт пурмоя бозоргон
Ба шогирд, к-«Эй марди нокордон!