751. КУШТАНИ БАҲРОМИ ГӮР АЖДАҲОРО ВА ДОСТОНИ Ӯ БО ЗАНИ ПОЛИЗБОН
Ҳаме буд якчанд бо меҳтарон,
Майи равшану ҷому ромишгарон.
Баҳор омаду хок шуд чун биҳишт,
Ба рӯи замин-бар ҳаво лола кишт.
Ҳама бумҳо пур зи нахчир гашт,
Ба ҷӯй обҳо чун маю шир гашт.
Гурозидани гӯру оҳу ба шах,
Кашиданд бар сабза ҳар ҷой нах.
Ҳама ҷӯйборон пур аз мушкдум,
Ба сони гули нор шуд май ба хум.
Бигуфтанд бо шоҳ Баҳроми Гӯр,
Ки шуд дер ҳангоми нахчири гӯр.
Чунин дод посух, ки «Марде ҳазор
Гузин кард бояд зи лашкар савор.
Биёвард бояд ҳама юзу боз,
Ҳама чарғу шоҳини гарданфароз.
Аз эдар сӯи Тур бояд шудан,
Бибояд ба нахчир моҳе будан».
Сӯи Тур шуд шоҳи нахчирҷӯй,
Ҷаҳон дид яксар пур аз рангу бӯй.
Зи гӯру зи ғурму зи оҳу ҷаҳон
Бипардохтанд он диловар меҳон.
Ду рӯз андар он корҳо шуд диранг,
Ҳаме буд Баҳром бо май ба ҷанг.
Се дигар чу бифрӯхт гетифирӯз,
Шаби тира бугрехт аз бими рӯз,
Барафрохт хуршеди рахшанда тоҷ,
Замин зард шуд, кӯҳу дарё чу оҷ.
Ба нахчир шуд шаҳрёри далер,
Яке аждаҳо дид чун наррашер,
Ба болои ӯ мӯй буд бар сараш,
Ду пистон ба сони занон бар бараш.
Камонро ба зеҳ карду тири хаданг
Бизад бар бари аждаҳо бедиранг.
Дигар тир зад бар миёни сараш,
Фурӯ рехт хунобу заҳр аз бараш.
Фуруд омаду ханҷаре баркашид,
Саросар бари аждаҳо бардарид.