Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

752. РАФТАНИ БАҲРОМИ ГӮР БА НАХЧИР ВА ХОСТАНИ ДУХТАРОНИ БАРЗИНДЕҲҚОН

Ба рӯзе се дигар бурун рафт шоҳ, Або лашкару сози нахчиргоҳ. Бузургони Эрон зи баҳри шикор Ба даргоҳ рафтанд сесад савор. Або ҳар саворе парастандасӣ Зи турку зи румиву аз порсӣ. Ба дебо биёроста даҳ шутур, Рикобаш ҳама зарру полон - ш дур. Даҳ уштур нишастангаҳи шоҳро Ба дебо биёроста гоҳро. Ба пеш-андарун сохта ҳафт пил, Бар ӯ тахти пирӯза ҳамранги нил. Ҳама пояи тахт зарру булӯр Нишастангаҳи шоҳ Баҳроми Гӯр. Або ҳар яке теғзан сӣ ғулом, Ба зарринкамарҳову зарринситом. Сад астар буд аз баҳри ромишгарон, Ҳама бар сарон афсар аз гавҳарон Або боздорон саду шаст боз, Дусад чарғу шоҳини гарданфароз. Пас-ндар яке мурғ будӣ сиёҳ, Гиромитар он буд дар чашми шоҳ. Сиёҳаш ду чангу ба минқор зард, Чу зарри дурахшанда бар ложвард. Ҳаме хондандиш Туғро ба ном, Ду чашмаш чунон чун пур аз хун ду ҷом, Ки хоқон ба хусрав фиристода буд, Дигар тахт бо тоҷи беҷода буд. Яке тавқи заррин забарҷаднигор, Чиҳил ёраву сиву аш гӯшвор. Шутурвор сесад зароиф зи Чин Фиристоду ёқут сесад нигин. Паси боздорон саду бист юз, Бибурданд бо шоҳи гетифурӯз. Биёроста тавқи юз аз гуҳар, Бад - ӯ андар афканда занҷири зар. Биёмад шаҳаншоҳ аз ин сон ба дашт, Ҳаме тоҷаш аз муштарӣ баргузашт.