Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

753. ҲУНАР НАМУДАНИ БАҲРОМИ ГӮР БА НАХЧИР ВА ХОСТАНИ ДУХТАРИ ГАВҲАРФУРӮШ

Ба ҳаштум биёмад ба даште шикор Худу Рӯзбеҳ бо саворе ҳазор. Ҳама дашт яксар пур аз гӯр дид, Зи таркаш камони каёнӣ кашид. Ду зоғи сияҳро ба зеҳ барниҳод, Зи Яздони пирӯзгар кард ёд. Баҳорону гӯрон шуда ҷуфтҷӯй, Зи гетӣ ба рӯй андароварда рӯй. Ҳаме пӯст канд ин аз он, он аз ин, Зи хуншон шуда лаъл рӯи замин. Ҳаме буд Баҳром то гӯри нар Ба мастӣ барошуфт як бо дигар. Чу пирӯз шуд наррагӯри далер, Яке модаро андаровард зер. Ба зеҳ дошт Баҳроми ҷангӣ камон, Бихандид чун диду шуд шодмон. Бизад тир бар пушти он гӯри нар, Гузар кард бар гӯр пайкону пар. Нару модаро ҳар ду барҳам бидӯхт, Дили лашкар аз захми ӯ барфурӯхт. Зи лашкар ҳар он кас, ки он захм дид, Бар он шаҳрёр офарин густарид, Ки чашми бад аз фарри ту дур бод, Ҳама рӯзгорони ту сур бод. Ба мардӣ ту андар замона навӣ, Ки ҳам шоҳу ҳам хусраву ҳам гавӣ.