754. КУШТАНИ БАҲРОМ ШЕРОНРО ВА РАФТАНАШ БА ХОНАИ ГАВҲАРФУРӮШ ВА ХОСТАН ДУХТАРИ ӮРО
В-аз он ҷо барангехт шабранг шоҳ,
Яке беша пеш андаромад ба роҳ,
Ду шери жаён пеши он беша дид,
Камонро ба зеҳ карду андаркашид.
Бизад бар бару синаи шер чок,
Гузар кард пайкону пар то ба хок.
Бари мода шуд тезу букшод шаст,
Бари шер бо гирдронаш бубаст.
Чунин гуфт, к-«Ин тири бепар бувад,
Набуд тез пайкони ӯ, гар бувад».
Сипоҳаш ҳама хонданд офарин,
Ки «Эй номвар шаҳрёри замин,
Надиду набинад касе дар ҷаҳон
Чу ту шоҳ бар тахти шоҳаншаҳон.
Чу бо тири бепар ту шер афканӣ,
Пайи кӯҳи хоро зи бун барканӣ».
Бад-он марғзор-андарун ронд шоҳ,
Зи лашкар ҳар он кас, ки буд некхоҳ,
Яке беша диданд пургӯспанд,
Шубонон гурезон зи бими газанд
Яке саршумар дид Баҳромро,
Надидӣ зи бими дад оромро.
Бад-ӯ гуфт Баҳром, к-«Ин гӯспанд,
Кӣ дорад бад-ин ҷои носудманд?»
Бад-ӯ саршубон гуфт, к-«Эй номдор,
Зи гетӣ ман оям бад-ин марғзор.
Ҳам ин гӯспандони гавҳарфурӯш
Ба дашт андаровардам аз кӯҳ дӯш.
Тавонгар худованди ин гӯспанд
Напечад ҳаме аз ниҳеби газанд.
Ба харвор бо номвар гавҳар аст,
Ҳамон зарру сим асту ҳам зевар аст.
Надорад ба ҷуз духтаре чангзан,
Сари ҷаъду зулфаш шикан бар шикан.
Нагирад ҷуз аз дасти духтар набид,
Касе мардуми пир аз он сон надид.
Агар нестӣ доди Баҳромшоҳ,
Мар ӯро куҷо мондӣ ин дастгоҳ?