755. ДОСТОНИ БАҲРОМИ ГӮР БО ФАРШЕДВАРДИ КАДЕВАР ВА МАРДИ ХОРКАН
Биёмад шаҳаншоҳ бо Рӯзбеҳ
Кушодадилу шод аз айвони меҳ.
Ҳаме ронд гӯён ба мушкуи хеш,
Ба сӯи бутони суманбӯи хеш.
Бихуфт он шабу бомдоди пагоҳ
Биёмад сӯи дашти нахчиргоҳ.
Ҳама роҳу бероҳ лашкар гузашт,
Чунон шуд, ки як моҳ монад ба дашт.
Саропардаву хаймаҳо сохтанд,
Зи нахчир даште бипардохтанд.
Касеро наёмад бар он дашт хоб,
Маю гӯшти нахчиру чангу рубоб.
Биёбон ҳама оташ афрӯхтанд,
Тару хушк ҳезум ҳаме сӯхтанд.
Бирафтанд бисёр мардум зи шаҳр,
Касе к-аш зи динор боист баҳр.
Ҳаме буд чанде хариду фурӯхт,
Биёбон зи лашкар ҳаме барфурӯхт.
Харидӣ ҳаме марди бозоргон,
Даҳ оҳуву гӯре баҳо чоргон.
Зи нахчири дашту зи мурғони об
Ҳаме ёфт хоҳанда чандон кабоб,
Ки бурдӣ ба харвор то хони хеш
Бари хурдфарзанду меҳмони хеш.
Чу моҳе баромад, шитоб омадаш,
Ҳаме бо занон ройи хоб омадаш.
Биёвард лашкар зи нахчиргоҳ,
Зи гарди саворон надиданд роҳ.
Ҳаме рафт лашкар ба кирдори гард,
Ҳаме то рухи рӯз шуд ложвард.
Яке шорсон пешаш-андар ба роҳ,
Пур аз барзану кӯю бозоргоҳ.
Бифармуд, то лашкараш бо буна
Гузорад, намонад касе яктана.
Бипурсид, то меҳтари деҳ куҷост,
Сар андаркашиду ҳаме рафт рост.
Шикаста даре дид, паҳну дароз,
Биёмад худованд, бурдаш намоз.