756. БОЗ НАМУДАНИ ХОРКАН ҲОЛИ КАДЕВАРИ ФАРШЕДВАРД ВА БАХШИДАНИ БАҲРОМ МОЛИ Ӯ БА АРЗОНИЁН
Чу берун шуд аз номвар шорсон,
Ба пеш андаромад яке хорсон.
Табар дошт марде, ҳаме канд хор,
Зи лашкар бишуд пеши ӯ шаҳрёр.
Бад-ӯ гуфт: «Меҳтар, бад-ин шорсон,
Киро донӣ, эй душмани хорсон?»
Чунин дод посух, ки «Фаршедвард,
Яке озвармарди бехобу х(в)ард.
Ҳаме гӯспандаш бувад сад ҳазор,
Ва ҳам уштуру асп ҳам з-ин шумор.
Замин пур зи оганда динори ӯст.
Ки на мағз бодаш ба тан-дар, на пӯст.
Шикам гурсуна, колбад барҳана
На фарзанду хешу на ёру буна.
Агар киштмандаш фурӯшад ба зар,
Яке хона бумаш шавад пургуҳар.
Шубонаш ҳама гӯшт ҷӯшад ба шир,
Худ ӯ нони арзан хӯрад бо панир.
Ду ҷома надидаст ҳаргиз ба ҳам,
Аз ӯяст ҳам бар тани ӯ ситам».
Чунин гуфт бо хоркаш шаҳрёр,
Ки «Аз гӯспандаш бидонӣ шумор?
Бидонӣ, куҷо бошад ӯро гала,
Ҳамон асп бо уштурони яла?»
Бад-ӯ хоркангуфт, к- «Эй марди роҳ,
Басе нест з ин ҷо бад-он ҷойгоҳ.
Куҷо уштуру гӯспанди вай аст,
Дилам пур зи дард аз газанди вай аст».
Бад-ин хоркан дод динор чанд,
Бад-ӯ гуфт, к-«Акнун шавӣ арҷманд».
Бифармуд, то аз миёни сипоҳ
Биёмад яке марди доно ба роҳ.
Куҷо номи он мард Беҳрӯз буд,
Савору далеру дилафрӯз буд.
Фиристод бо номвар сад савор,
Гузин кард шоиста мардони кор.
Дабире нигаҳ кард парҳезкор,
Бад-он сон, ки донист кардан шумор.