Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

757. РАФТАНИ БАҲРОМИ ГӮР БА НАХЧИРГОҲ ВА КУШТАНИ ШЕРОН

Бифармуд, то тахти шоҳаншаҳӣ Ба боғи Баҳор андарорад раҳӣ. Ба фармон бибурданд пирӯзатахт, Ниҳоданд зери гулафшон дарахт. Маю ҷом бурданд ромишгарон, Ба полез рафтанд бо меҳтарон. Чунин гуфт бо ройзан шаҳрёр, Ки хуррам ба мардум бувад рӯзгор. Ба дахма - дарун, баски танҳо шавем, Агарчанд бар тунд боло шавем. Ҳаме бистурад марг вайронҳо, Ба пай оварад коху айвонҳо. Зи шоҳу зи дарвеш ҳар к - ӯ бимурд, Або хештан номи неке бибурд. Зиён аст ранҷаш ҳама, ҳар чӣ бурд, Чу мурд ӯ, ҳама ранҷ бо ӯ бимурд. Ба гетӣ ситоиш бимонад, бас аст, Ки тоҷу камар баҳри дигар кас аст. Беозориву ростӣ боядат, Чу хоҳӣ, ки ин хӯрда нагзоядат. Кунун соли ман рафт бар сиву ҳашт, Басе рӯз бар шодмонӣ гузашт. Чу соли ҷавон баркашад бар чиҳил, Ғами рӯзи марг андарояд ба дил. Чу як мӯй гардад ба сар-бар сапед, Бубояд гусастан зи шодӣ умед. Чу кофур шуд мушк, маъюб гашт, Ба кофурбар тоҷ нохуб гашт. Ҳаме базму бозӣ кунам то ду сол, Чу лахте шикаст андарояд ба ёл. Шавам пеши Яздон, бипӯшам палос, Набошам зи кирдори ӯ носипос. Ба шодӣ басе рӯз бугзоштам, Зи тоҷи меҳӣ баҳра бардоштам. Кунун бар гулу нору себу биҳӣ Зи май ҷоми заррин набояд тиҳӣ. Чу бинам рухи себ беҷодаранг, Шавад осмон ҳамчу пушти паланг.