Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

758. ҲУНАР НАМУДАНИ БАҲРОМ БА НАХЧИРИ ГӮРОН

Дигар рӯз чун тоҷ бифрӯхт ҳур, Ҷаҳондор шуд сӯи нахчири гӯр. Камонҳо ба зеҳ барниҳода сипоҳ, Паси лашкар-андар ҳаме ронд шоҳ. Чунин гуфт, к-«Он к-ӯ камонро ба даст Бимолад, кушояд ба андом шаст, Набояд задан тир ҷуз бар сутун, Ки аз сина пайконаш ояд бурун». Яке паҳлавон гуфт, к-«Эй шаҳрёр, Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор, Ки бо кист, з-ин гуна тиру камон, Бадандеш ё марди некигумон. Магар бошад ин аз кушоди барат, Ки ҷовид бодо сару афсарат. Чу ту тир гириву шамшеру гурз Аз он хусрави ёлу болои бурз Ҳама лашкари шоҳ доранд шарм, Ба тиру камон-бар шавад даст нарм». Чунин дод посух, ки «Ин эзадист, Чу ӯ бугсилад зӯр, Баҳром кист?» Барангехт шабдиз Баҳроми Гӯр, Чу наздик шуд бо яке наррагӯр, Чу омад-ш ҳангом, букшод шаст, Бари гӯри нар бо суринаш бубаст. Ҳамон гоҳ гӯр андаромад ба сар, Бирафтанд гурдони зарринкамар. Шигифт андар он захми ӯ монданд, Якояк бар ӯ офарин хонданд. Касе парру пайкони тираш надид, Ба болои он гӯр шуд нопадид. Саворони ҷангиву мардони кин Саросар бар ӯ хонданд офарин. Бад-ӯ паҳлавон гуфт, к-«Эй шаҳрёр, Мабинод чашмат бади рӯзгор. Саворӣ туву мо ҳама бар харем, Ҳам аз харварон дар ҳунар камтарем». Бад-ӯ гуфт шоҳ: «Ин на тири ман аст, Ки пирӯзгар дастгири ман аст.