759. ЛАШКАР КАШИДАНИ ХОҚОНИ ЧИН БА ЭРОН ВА ЗИНҲОР ХОСТАНИ ЭРОНИЁН АЗ Ӯ
Пас огоҳӣ омад ба Ҳинду ба Рум,
Ба Турку ба Чину ба ободбум,
Ки Баҳромро дил ба бозист бас,
Касеро ба гетӣ надорад ба кас.
Талоя наю дидбон низ на,
Ба марз-андарун марзбон низ на,
Ба бозӣ ҳаме бугзаронад ҷаҳон,
Надонад ҳаме ошкору ниҳон.
Чу хоқони Чин ин суханҳо шунид,
Зи Чину Хутан лашкаре баргузид.
Дирам доду сар сӯи Эрон ниҳод,
Касеро наёмад зи Баҳром ёд.
Ба Эрон чу огоҳӣ омад зи Рум,
Зи Ҳинду зи Чину зи ҳар марзу бум,
Ки қайсар сипаҳ карду лашкар кашид,
Зи Чину Хутан лашкар омад падид.
Аз Эрон ҳар он кас, ки буд пешрав,
Зи пирону аз номдорони нав,
Ҳама пеши Баҳроми Гӯр омаданд,
Пур аз хашму пайкору шӯр омаданд.
Бигуфтанд бо шоҳ чанде дурушт,
Ки «Бахти фурӯзон-т бинмуд пушт,
Сари шаҳрёрон ба разм-андар аст,
Туро дил ба бозиву базм-андар аст.
Ба чашми ту хор аст ганҷу сипоҳ,
Ҳамон марзи Эрону ҳам тахту гоҳ.»
Чунин дод посух ҷаҳондор шоҳ
Бад-он мӯбадони намояндароҳ,
Ки «Додори гетӣ маро ёвар аст,
Ки аз дониши бартарон бартар аст.
Ба пирӯзии подшоҳи бузург
Ман Эрон нигаҳ дорам аз чанги гург.
Ба бахту сипоҳу ба шамшеру ганҷ
Зи кишвар бигардонам ин дарду ранҷ».
Ҳаме кард бозӣ бар ин ҳамнишон,
В-аз ӯ пур зи хун дидаи саркашон.
Ҳаме гуфт ҳар кас, к-«Аз ин подшо
Бупечад дили мардуми порсо».