760. ТОХТАНИ БАҲРОМИ ГӮР БАР ХОҚОНИ ЧИН
В - аз он рӯй Баҳром бедор буд,
Сипаҳро зи душман нигаҳдор буд.
Шабу рӯз корогаҳон доштӣ,
Ба базму ба май рӯз нагзоштӣ.
Чу огоҳӣ омад ба Баҳромшоҳ,
Ки хоқон ба Марв асту чандон сипоҳ,
Биёвард лашкар ба Озаргушасп,
Ҳаме бебуна ҳар яке бо ду асп.
Або ҷавшану таргу румӣ кулоҳ
Шабу рӯз чун бод тозон ба роҳ.
Ҳаме тохт тозон чу аз кӯҳ сел,
Ба Омул гузашт аз дари Ардабил.
Зи Омул биёмад, ба Гургон кашид,
Ҳаме ранҷу дарди бузургон кашид.
Зи гургон биёмад ба шаҳри Нисо,
Яке раҳбаре пеши ӯ порсо.
Ба кӯҳу биёбону бероҳ рафт,
Шаби тира то рӯзи бегоҳ рафт.
Ба рӯз-андарун дидбон доштӣ,
Ба тирашабон посбон доштӣ.
Бад-ин сон биёмад ба наздики Марв,
Напаррад бад - он гуна паррон тазарв.
Наванде биёмад зи корогаҳон,
Ки «Дур аст хоқон зи кори меҳон.
Ба тадбири нахчири Кашмеҳан аст,
Шабу рӯз дастураш Оҳарман аст».
Чу Баҳром бишнид, аз он шод гашт,
Ҳама ранҷҳо бар танаш бод гашт.
Баросуд рӯзе бар он ҷойгоҳ,
Чу осуда гашт аспу шоҳу сипоҳ,
Ба Кашмеҳан омад ба ҳангоми рӯз,
Чу барзад сар аз кӯҳ гетифирӯз.
Ҳама гӯш пур нолаи бӯқ буд,
Ҳама чашм пур ранги манҷуқ буд.
Деҳодеҳ баромад зи нахчиргоҳ,
Пуровоз шуд гӯши шоҳу сипоҳ.
Бидаррид аз овоз гӯши ҳизабр,
Ту гуфтӣ ҳаме жола борид абр.