Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

761. МИЛ БАРОВАРДАНИ БАҲРОМИ ГӮР БА САРҲАДДИ ЭРОН ВА ТӮРОН

Биёсуд дар Марв Баҳроми Гӯр, Чу осуда шуд шоҳу ҷангӣ сутур. Равонаш ситез аз мадоро гузид, Дилаш ройи разми Бухоро гузид. Ба як рӯзу як шаб ба Омуй шуд, Зи нахчиру бозӣ ҷаҳонҷӯй шуд. Биёмад зи Омуй як поси шаб, Гузар кард бар обу реги Фараб. Чу хуршед рӯи ҳаво кард зард, Бияндохт пероҳани ложвард. Замона шуд аз гард чун парри чарғ, Ҷаҳонҷӯй бугзашт бар Мою Марғ. Ҳама лашкари турк барҳам заданд, Ба буму бараш оташ андар заданд. Ситора ҳаме домани моҳ ҷуст, Падар бар писар-бар ҳаме роҳ ҷуст. Зи туркон ҳар он кас, ки буд пешрав, Зи пирону ханҷаргузорони нав, Ҳама пеши Баҳром рафтанд хор, Пиёда, пур аз хун дилу хоксор, Ки «Шоҳо, бузурго, баландахтаро, Бар озодагони ҷаҳон меҳтаро! Гар эдун, ки хоқон гунаҳгор шуд, Зи аҳди ҷаҳондор безор шуд, Ту хуни сари бегуноҳон марез, На хуб ояд аз номдорон ситез. Гар аз мо ҳаме бож хоҳӣ, равост, Буридан сари номдорон чарост? Ҳама марду зан бандагони туем, Ба разм-андар афкандагони туем». Дили шоҳ Баҳром аз эшон бисӯхт, Ба дасти хирад чашми хашмаш бидӯхт. Зи хун рехтан дасти гурдон бубаст, Пурандеша шуд шоҳи яздонпараст. Чу меҳри ҷаҳондор пайваста шуд, Дили марди ошуфта оҳиста шуд. Бари шоҳ шуд меҳтари, меҳтарон, Бипазруфт ҳарсола божи гарон.