762. НОМАИ БАҲРОМИ ГӮР НАЗДИ БАРОДАРАШ НАРСӢ ВА ЭРОНИЁН
Чу шуд кори Тӯронзамин сохта,
Дили шоҳ аз андеша пардохта,
Ба Нарсӣ яке нома бинвишт шоҳ
Зи пайкори туркону кори сипоҳ.
Сари нома буд офарини меҳон
Аз ин банда бар Кирдгори ҷаҳон.
«Худованди пирӯзиву дастгоҳ,
Худованди кайвону Баҳрому моҳ,
Бузургиву хурдӣ ба паймони ӯст,
Ҳама буданӣ зери фармони ӯст.
Набиштам яке нома аз марзи Чин
Ба назди бародар, ба Эронзамин.
Ба назди бузургони эрониён
Нибиштам ҳамин нома бар парниён,
Ҳар он кас, ки ӯ разми хоқон надид,
Аз ин ҷангҷӯён бибояд шунид.
Сипаҳ буд чандон, ки гуфтӣ сипеҳр
Зи гардаш ба қир андаролуд чеҳр.
Ҳама марз шуд ҳамчу дарёи хун,
Сари тахти бедодгар шуд нагун.
Ба разм андарун ӯ гирифтор шуд,
К - аз ӯ чархи гарданда безор шуд.
Кунун баста овардамаш бар ҳаюн,
Ҷигар хаставу дидагон пур зи хун.
Ҳама гардани саркашон гашт нарм,
Забон чарбу дилҳо пур аз хуни гарм.
Пазируфт бож, он ки бадхоҳ буд,
Ба роҳ омаданд, он ки бероҳ буд.
Кунун аз паси нома ман бо сипоҳ
Биёям ба коми дили некхоҳ».
Ҳаюнони кафафкану бодпой,
Бирафтанд чун боди ғуррон зи ҷой,
Чу нома ба наздики Нарсӣ расид,
Зи шодӣ дили подшо бардамид.
Бишуд мӯбади мӯбадон пеши ӯй,
Ҳар он кас, ки буд аз гавон хеши ӯй.
Ба шодӣ баромад зи Эрон хурӯш,
Ниҳоданд ҳар кас ба овоз гӯш.