763. БОЗГАШТАНИ БАҲРОМИ ГӮР БА ЭРОНЗАМИН
Чу шуд сохта кори оташкада,
Ҳамон ҷойи Наврӯзу ҷашни Сада,
Биёмад сӯи Озарободагон
Худу номдорону озодагон,
Парастишкунон пеши озар шуданд,
Ҳама мӯбадон даст бар бар шуданд.
Парастандагонро бубахшид чиз,
В-аз оташкада рӯй бинҳод низ.
Хиромон биёмад ба шаҳри Ситахр.
Ки шоҳаншаҳонро бад-он буд фахр.
Пароканда аз чарми говони меш,
Ки бар пушти пилон ҳаме бурд пеш,
Ҳазору саду шаст қинтор буд,
Дирам буду ҳам ганҷи динор буд.
Ки бар паҳлавӣ мӯбади порсӣ
Ҳаме ном бурдиш «пайдовасӣ».
Биёвард пас машкҳои адим,
Бигустурду шодон бар ӯ рехт сим.
Ба раҳ-бар ҳар он пул, ки вайрон бидид,
Работе, ки аз кордонон шунид,
Бифармуд обод кардан зи ганҷ,
Ба кас-бар аз он кор нанҳод ранҷ.
Зи гетӣ дигар ҳар кӣ дарвеш буд,
В-агар нонаш аз кӯшиши хеш буд,
Бад-эшон бубахшид чанде дирам,
Зи бахшиш набуд шоҳ рӯзе дижам.
Се дигар, ба каппон бисанҷид сим,
Зани беваву кӯдакони ятим.
Чаҳорум, ҳар он пир, к-аз коркард
Фурӯ монду аз рӯзи нангу набард.
Ба панҷум, ҳар он кас, ки буд бонажод,
Тавонгар накардӣ аз ӯ ҳеҷ ёд.
Шашум, ҳар кӣ омад зи роҳи дароз,
Ҳаме дошт дарвешии хеш роз,
Ба эшон бубахшид як ганҷ шоҳ,
Ба некӣ ҳаме кард ҳар ҷо нигоҳ.
Ғанимат ҳама баҳри лашкар ниҳод,
Наёмад-ш аз огандани ганҷ ёд.