Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

764. АНДАРЗНОМА НАВИШТАНИ БАҲРОМИ ГӮР БА КОРДОРОНИ ХУД

Севум рӯз базми радон сохтанд, Нависандаро пеш биншохтанд. Ба май хӯрдан-андар чу букшод чеҳр, Яке нома бинвишт шодон ба меҳр. Сари нома кард офарин аз нахуст Бар он к-ӯ равонро ба дониш бишуст. Хирад бар дили хеш пироя кард, Ба ранҷа тан аз мардумӣ моя кард. Ҳама некуиҳо зи Яздон шинохт, Хирад ҷусту бо марди доно бисохт Бидонад, ки аз дод ҷуз некуӣ Наёяд, накӯбад дари бадхуӣ. «Ҳар он кас, ки аз кордорони ман, Сарафрозу ҷангӣ саворони ман Бинолад, набинанд ҷуз чоҳу дор, В-агар кушта афканда бар хок хор. Бикӯшед, то ранҷҳо кам кунед, Дили ғамгинон шоду беғам кунед. Ки гетӣ намонду намонад ба кас, Беозориву дод ҷӯеду бас. Бар ин гуфтаҳо-бар нишона манам, Сари ростиро баҳона манам, Ки чандон сипаҳ кард оҳанги ман, Ҳам оҳанги ин номдор анҷуман. Аз эдар бирафтам ба андак сипоҳ, Шуданд он ки бадхоҳ буд, некхоҳ. Яке номдоре чу хоқони Чин, Ҷаҳондори ботоҷу тахту нигин, Ба дасти ман-андар гирифтор шуд, Сари тахти туркон нагунсор шуд, Маро кард пирӯз Яздони пок, Сари душманон андаромад ба хок. Ба ҷуз бандагӣ пешаи ман мабод, Ҷуз аз дод андешаи ман мабод. Нахоҳам хироҷ аз ҷаҳон ҳафт сол, Агар зердасте бувад гар ҳамол. Ба ҳар кордореву худкомае, Навиштем бар паҳлавӣ номае,