Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

765. ФИРИСТОДАНИ БАҲРОМИ ГӮР БАРОДАРИ ХУД НАРСИРО БА ХУРОСОН ВА ХОНДАН ПЕШИ ТАХТИ ХЕШ ФИРИСТОДАИ ҚАЙСАРРО

Ба Нарсӣ чунин гуфт як рӯз шоҳ, К-«Аз эдар бирав бо нигину кулоҳ. Хуросон туро додам, обод кун, Дили зердастони мо шод кун. Нигар, то набошӣ ҷуз аз додгар, Маёвез ҷанг андар ин раҳгузар. Падар гар бадӣ кард, печид аз он, Чу марди бараҳна зи боди хазон». Бифармуд, то хилъаташ сохтанд, Гаронмоя ганҷе бипардохтанд. Бад-ӯ гуфт: «Яздон паноҳи ту бод, Сари тахти хуршед гоҳи ту бод». Ба рафтан ду ҳафта диранг омадаш, Таносон Хуросон ба ҷанг омадаш. Чу Нарсӣ бишуд, ҳафтае баргузашт, Дили шоҳ аз андеша пардахта гашт. Бифармуд, то мӯбади мӯбадон Бирафту биёвард чанде радон. Бад-ӯ гуфт: «Шуд кори Қайсар дароз, Расулаш ҳаме дер ёбад ҷавоз. Чӣ мард асту андар хирад то куҷост, Ки дорад равон аз хирад пушт рост?» Бад-ӯ гуфт мӯбад, к-анӯша бадӣ Ҷаҳондор бо фарраи эзадӣ. Яке марди пир аст борою шарм, Сухан гуфтанаш хубу овоз нарм. Касе, к-аш Фалотун будаст устод, Хирадманду бодонишу бонажод. Яке пурманиш буд, к-омад зи Рум, Кунун хира гашт андар ин марзу бум. Бипажмурд чун мор дар моҳи дай, Танаш сусту рухсора ҳамранги най. Ҳама кеҳтаронаш ба кирдори меш, Ки рӯзи шикораш саг ояд ба пеш. Ба кундиву тундӣ ба мо бингарад, Аз ин марз касро ба кас нашмарад». Ба мӯбад чунин гуфт Баҳроми Гӯр, Ки Яздон диҳад фарру дайҳиму зӯр.