766. САВОЛУ ҶАВОБИ ФИРИСТОДАИ РУМӢ БО МӮБАДОНИ ЭРОН
Дигар рӯз чун тоҷ бинмуд меҳр,
Забона баромад зи хамми сипеҳр,
Сипаҳбад фиристодаро пеш хонд,
Бари номвар тахти оҷаш нишонд.
Биёмад ҷаҳондида донои пир,
Сухангӯву бодонишу ёдгир.
Ба каш карда дасту сар афканда паст,
Бари тахти шоҳӣ ба зону нишаст.
Бипурсид Баҳрому бинвохташ,
Бари тахт наздик биншохташ.
Бад-ӯ гуфт, к-«Эдар бимондӣ ту дер,
Зи дидори ин марз ногашта сер.
Маро разми хоқон зи ту боздошт,
Ба гетӣ маро ҳамчу анбоз дошт.
Кунун рӯзгорам зи ту тоза гашт,
Туро будан эдар беандоза гашт.
Сухан ҳарчи гӯӣ ту, посух диҳам,
Зи овози ту ройи фаррух ниҳам.
Фиристодаи пир кард офарин,
Ки бе ту мабодо замону замин.
Ҳаме подшоҳе, ки дорад хирад,
Зи гуфти хирадманд ромиш барад,
Ба Яздон хирадманд наздиктар,
Бадандешро рӯз ториктар.
Ту бар меҳтарони ҷаҳон меҳтарӣ,
Ки ҳам меҳтару шоҳу ҳам беҳтарӣ.
Забонат тарозуст, гуфтан гуҳар,
Гуҳар сахта ҳаргиз набинад ба зар.
Туро донишу ҳушу рой асту фар
Бар оини шоҳони пирӯзгар.
Туро худ хирад ҳасту покиза рой,
Абар ҳушмандон туӣ кадхудой.
Агарчи фиристодаи Қайсарам,
Ҳамон чокари шоҳро чокарам.
Дуруде расонам зи Қайсар ба шоҳ
Ки ҷовид бод ин сару тоҷу гоҳ.
Ва дигар, ки фармуд, то ҳафт чиз
Бипурсам зи донандагони ту низ».