Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

767. ПАДРУД КАРДАНИ БАҲРОМИ ГӮР ФИРИСТОДАИ ҚАЙСАРРО

Чу хуршед бар чарх бинмуд даст, Шаҳаншоҳ бар тахти заррин нишаст. Фиристодаи Қайсар омад ба дар, Хирадёфта мӯбади пурҳунар. Ба пеши шаҳаншоҳ рафтанд шод, Суханҳо зи ҳар гуна карданд ёд. Фиристодаро мӯбади шоҳ гуфт, Ки «эй марди ҳушёри беёру ҷуфт, Зи гетӣ зиёнкортар кор чист, Ки бар кардаи он бибояд гирист? Чӣ донӣ ту андар ҷаҳон судманд, Ки аз карданаш мард гардад баланд?» Фиристода гуфт: «Он ки доно бувад, Ҳамеша бузургу тавоно бувад. Тани марди нодон зи гил хортар, Ба ҳар некувӣ носазовортар. Зи донову нодон задӣ достон, Шунидӣ магар посухи ростон». Бад-ӯ гуфт мӯбад, ки «Некӯ нигар, Биандешу моҳӣ ба хушкӣ мабар». Фиристода гуфт: «Эй писандида мард, Суханҳо зи дониш тавон ёд кард. Ту ин гар дигаргуна донӣ, бигӯй, Ки аз дониш афзун шавад обрӯй». Бад-ӯ гуфт мӯбад, ки «Андеша кун, К-аз андеша бофарр(у) гардад сухун. Зи гетӣ ҳар он, к-ӯ беозортар, Чунон дон, ки маргаш зиёнкортар, Ба марги бадон шод бошӣ, равост, Чу зояд, тани марди бад маргрост. Аз ин судмандӣ бувад, з-он зиён, Хирадро миёнҷӣ кун андар миён». Чу бишнид румӣ, писанд омадаш, Суханҳои ӯ судманд омадаш. Бихандиду бар шоҳ кард офарин, Бад-ӯ гуфт: «Фархунда Эронзамин, Ки тахти шаҳаншоҳ бинад ҳаме, Чу Баҳром бар вай нишинад ҳаме.