768. СУХАН ГУФТАНИ БАҲРОМ ВА САРДОРОН АЗ ДОД
Чу аз кори румӣ бипардохт шоҳ,
Дилаш гашт печон зи кори сипоҳ.
Бифармуд, то мӯбади ройзан,
Бишуд бо яке номдор анҷуман.
Бубахшид рӯи замин сар ба сар
Бар он паҳлавонони пархошхар.
Дирам доду аспу нигину кулоҳ,
Гаронмояро кишвару тоҷу гоҳ.
Пур аз ростӣ кард яксар ҷаҳон,
Аз ӯ шодмона кеҳону меҳон.
Ҳар он кас ки бедод буд, дур кард
Ба нододани чизу гуфтори сард.
В-аз он пас чунин гуфт бо мӯбадон,
Ки «Эй пурҳунар покдил бихрадон.
Меҳонро зи ҳар гуна доред ёд,
Зи кирдори шоҳони бедоду дод,
Басе дасти шоҳон ба бадҳо дароз,
Ниҳон монда таншон ба орому ноз.
Ҷаҳон аз бадандеш пурбим буд,
Дили некмардон ба ду ним буд.
Ҳама даст бурда ба кори бадӣ,
Касеро набуд кӯшиши эзадӣ.
Ба ҳар ҷой густурда ҷангол дев,
Бурида дил аз тарси кайҳонхидев.
Сари некуиҳову дасти бадӣ,
Дари донишу кӯшиши бихрадӣ.
Ҳама пок дар гардани подшост,
В-аз ӯ низ пайдо шавад кажжу рост,
Падар гар ба бедод ёзид даст,
Набуд поку донову яздонпараст,
Мадоред кирдори ӯ бас шигифт,
Ки равшан дилаш занги оҳан гирифт.
Бубинед, то Ҷамму Ковусшоҳ
Чӣ карданд, к-аз дев ҷустанд роҳ?!
Падар ҳамчунон роҳи эшон биҷуст,
Ба оби хирад ҷони тира нашуст.
Ҳама зердастон-ш печон шуданд,
Фаровон зи тундиш беҷон шуданд.