769. НАВИШТАНИ БАҲРОМИ ГӮР НОМА БА НАЗДИКИ ШАНГУЛ ШОҲИ ҲИНД
Вазири хирадманд бар пой хост,
Чунин гуфт, к-«Эй довари додрост,
Ҷаҳон аз бадандеш бебим гашт,
В-аз ин марзи мо ранҷу сахтӣ гузашт.
Магар номвар Шангули ҳиндувон,
Ки аз дод печида дорад равон,
Зи Ҳиндустон то дари марзи Чин
Зи дуздон пурошӯб дорад замин,
Ба Эрон ҳаме даст ёзад ба бад,
Бад-ин кор тимор дорӣ, сазад.
Ту шоҳиву Шангул нигаҳбони Ҳинд,
Чаро бож хоҳад зи Чину зи Синд?
Бияндешу ин корро бозҷӯй,
Набояд, ки нохубӣ ояд ба рӯй».
Чу бишнид шоҳ ин, пурандеша гашт,
Ҷаҳон пеши ӯ чун яке беша гашт.
Чунин гуфт, к-«Ин кор ман дар ниҳон
Бисозам, нагӯям ба кас дар ҷаҳон.
Ба танҳо бубинам сипоҳи варо,
Ҳам оину шоҳиву гоҳи варо.
Шавам пеши ӯ чун фиристодагон,
Нагӯям ба Эрон, ба озодагон,
Ба Шангул, ту эй мӯбади покдин,
Яке нома бинвис пурмеҳру кин.
Бишуд покдастури ӯ бо дабир,
Ҷуз ӯ низ ҳар кас, ки буд ногузир.
Бигуфтанд ҳар гунае бешу кам,
Бибурданд қиртосу мушку қалам.
Яке нома фармуд пурпанду рой,
Пур аз хубиву офарини Худой.
Сари нома кард аз нахуст офарин
Зи Яздон бар он кас, ки ҷуст офарин.
«Худованди ҳасту Худованди нест,
Ҳама чиз ҷуфт асту Эзад якест.
Зи чизе куҷо ӯ диҳад бандаро,
Парастандаву тоҷдорандаро
Фузун аз хирад нест андар ҷаҳон,
Фурӯзандаи кеҳтарону меҳон,