Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

770. РАФТАНИ БАҲРОМИ ГӮР БА ҲИНДУСТОН БО НОМАИ ХУД

Чу бинҳод бар нома - бар-мӯҳр шоҳ, Баророст бар сози нахчиргоҳ. Зи лашкар ба розаш кас огоҳ не, Ҷуз аз номдорон-ш ҳамроҳ не. Биёмад бад-ин сон ба Ҳиндустон, Гузашт аз лаби оби Ҷодуситон. Чу наздики айвони Шангул расид, Дару пардаву боргоҳаш бидид. Баровардае дид сар дар ҳаво, Ба дар - бар фаровон силеҳу наво. Саворону пилон ба дар-бар ба пой, Хурӯшидани занг бо карраной. Шигифтӣ бад-он боргаҳ - бар бимонд, Дилашро ба андеша андарнишонд. Чунин гуфт бо пардадорони ӯй, Парастандаву пойкорони ӯй, Ки аз назди пирӯз Баҳромшоҳ Фиристода омад бар ин боргоҳ. Ҳам андар замон рафт солори бор Зи парда давон то бари шаҳрёр. Бифармуд, то парда бардоштанд, Ба арҷаш зи даргоҳ бугзоштанд. Хиромон ҳаме рафт Баҳроми Гӯр, Яке ҷой дид, осмонаш булӯр. Чу омад ба наздики Шангул фароз, Варо дид бо тоҷ бар тахти ноз. Ҳама пояи тахти заррин булӯр, Нишаста бар ӯ шоҳи бофарру зӯр: Изораш ҳама симу пайкар-ш зар, Нишода ба ҳар ҷой чанде гуҳар. Бародар-шро дид бар зери гоҳ, Ниҳонда ба сар-бар зи гавҳар кулоҳ. Нишаста ба наздики ӯ раҳнамой, Писар пеши тахт истода ба пой. Бари тахт шуд шоҳу бурдаш намоз, Ҳама буд пешаш замоне дароз. Забон тез букшоду гуфт: «Аз меҳ аст, Ҷаҳондор Баҳроми яздонпараст