771. ПОСУХ ДОДАНИ ШАНГУЛ БА НОМАИ БАҲРОМ
Чу бишнид, шуд номаро хостор,
Шигифтӣ бимонд-андарун номдор.
Чу он нома бархонд фаррухдабир,
Рухи тоҷвар гашт ҳамчун зарир.
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй марди чирасухун,
Ба гуфтор маштобу тундӣ макун.
Сутургӣ намояд ҳаме шоҳи ту,
Чунон ҳам намояд ҳаме роҳи ту.
Касе бож хоҳад зи Ҳиндустон,
Набошам зи гӯянда ҳамдостон.
Ба лашкар ҳаме гӯяд ин гар ба ганҷ,
В-агар шаҳру кишвар сипардан ба ранҷ
Куланганд шоҳону ман чун уқоб,
Ва ё хоку ман ҳамчу дарёи об.
Касе бо ситора накӯшад ба ҷанг,
На бо осмон ҷуст кас ному нанг.
Ҳунар беҳтар аз гуфтани нобакор,
Ки гирад туро марди донанда хор.
На мардӣ, на дониш, на кишвар, на шаҳр,
Зи шоҳӣ шуморо забон аст баҳр.
Нуҳуфта ҳама обу ганҷи ман аст,
Ниёкон бад-он ҳеҷ нобурда даст.
Дигар ганҷи баргустувону зиреҳ,
Чу ганҷури мо баркушояд гиреҳ,
Ба пилон-ш бояд кашидан калид,
Агар жандапилаш тавонад кашид.
В-агар гирам аз теғу ҷавшан шумор,
Ситора шавад пеши чашми ту хор.
Замин барнатобад сипоҳи маро,
Ҳамон жандапилону гоҳи маро.
Ҳазор ар ба ҳиндӣ занӣ дар ҳазор,
Бувад кас, ки хонад маро шаҳрёр,
Ҳамон гавҳари кӯҳу дарё марост,
Ба ман дорад акнун ҷаҳон пушт рост.
Ҳамон чашмаи анбару уду мушк,
Дигар риҳӣ кофури ногашта хушк.
Дигар доруи мардуми дардманд,
Ба рӯи замин ҳар кӣ гардад нажанд.