Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

772. КУШТӢ ГИРИФТАНИ БАҲРОМИ ГӮР ДАР БОРГОҲИ ШАНГУЛ ВА ҲУНАР НАМУДАН

Чу бишнид Шангул, ба Баҳром гуфт, Ки «Ройи ту бо мардумӣ нест ҷуфт. Замоне фуруд ою букшой банд, Чӣ гӯӣ суханҳои носудманд? Яке хуррам айвон бипардохтанд, Ҳама ҳар чӣ боист, барсохтанд. Биёсуд Баҳром то ними рӯз, Чу бар авҷ шуд тоҷи гетифурӯз, Биёрост базме ба фармони шоҳ Дар айвон парастандаи некхоҳ. Чу дар пеши Шангул ниҳоданд хон, Касеро бифармуд, к-«Ӯро бихон, К-аз Эрон фиристодаи хусрав аст, Сухангӯву эдар ба кори нав аст. Касеро, ки бо ӯст, ҳам з-он нишон, Биёвар ба хони далерон нишон. Бишуд тез Баҳрому бар хон нишаст, Ба нон даст букшоду лабро бубаст. Чу нон хӯрда шуд, маҷлис оростанд, Навозандаи руду май хостанд. Ҳаме бӯйи мушк омад аз хӯрданӣ, Ҳамон зер зарбафти густурданӣ. Бузургон чу аз бода хуррам шуданд, Зи тимори нобуда беғам шуданд. Ду танро бифармуд зӯрозмой, Ба куштӣ, ки доранд бо дев пой. Бирафтанд шоистамардони кор, Бубастандашон бар миёнҳо изор. Ҳаме зӯр кард он бар ин, ин бар он, Гурезону печон ду марди ҷавон. Чу Баҳром бардошт ҷоми булӯр, Ба мағзаш набид андарафканд шӯр. Ба Шангул чунин гуфт, к-«Эй шаҳрёр, Бифармой, то ман бубандам изор. Чу бо зӯрмандӣ ба куштӣ шавам, На андар харобию мастӣ шавам». Бихандид Шангул, бад-ӯ гуфт: «Хез, Чу зер оварӣ, хуни эшон бирез».