773. ГУМОН БУРДАНИ ШАНГУЛ БАР БАҲРОМ ВА БОЗДОШТАН ӮРО АЗ ЭРОН
Зи Баҳром Шангул шуд андар гумон,
Ки ин фарру ин зӯру тиру камон
Намонад ҳаме ин фиристодаро,
На ҳиндӣ, на турку на озодаро.
Агар хеши шоҳ аст, агар меҳтар аст.
Бародар-ш хонем ҳам дар х(в)ар аст.
Бихандиду Баҳромро гуфт шоҳ,
Ки «Эй богуҳар пурҳунар пешгоҳ.
Бародар туӣ шоҳро бегумон
Бар ин кӯшишу зӯру тиру камон,
Ки фарри каён дориву зӯри шер,
Набошӣ магар номдоре далер».
Бад-ӯ гуфт Баҳром, к-«Эй шоҳи Ҳинд,
Фиристодагонро макун ном синд.
На аз тухмаи Яздгирдам, на шоҳ,
Бародар-ш хонем, бошад гуноҳ.
Аз Эрон яке марди бегонаам,
На донишпажӯҳам, на фарзонаам.
Маро бозгардон, ки дур аст роҳ.
Набояд, ки ёбад маро хашми шоҳ».
Бад-ӯ гуфт Шангул, ки «Тундӣ макун,
Ки бо ту ҳанӯз аст моро сухун.
Набояд-т кардан ба рафтан шитоб,
Ки рафтан ба зудӣ набошад савоб.
Бари мо бибошу дил ором гир,
Чу пухта нахоҳӣ, майи хом гир».
Пас он гоҳ дастурро пеш хонд,
Зи Баҳром бо ӯ сухан чанд ронд.
В-аз он пас ба фарзонаи хеш гуфт,
Ки бо ту сухан дорам андар нуҳуфт,
Гар ин мард Баҳромро хеш нест,
Гар аз паҳлавонони ӯ беш нест.
Шигифт аст, ки дар дили марди род
Бар ин достонҳо нашояд ниҳод.
Ба чарбӣ бигӯяш, ки «Эдар биист,
Зи Қаннуҷ рафтан туро рӯй нест.
Ту гӯӣ мар ӯро ҳаме бо фиреб,
Ки аз гуфти ман дар дил орад ниҳеб.