Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ба саройи сипанҷ меҳмонро
Ба саройи сипанҷ меҳмонро, Дил ниҳодан ҳамешагӣ на равост. Зери хок андарун-т бояд хуфт, Гарчи акнун-т хоб бар дебост.
Бо хирадманд бевафо бувад ин бахт
Бо хирадманд бевафо бувад ин бахт, Хештани хешро бикуш ту як лахт. Худ хуру худ деҳ, куҷо набуд пашемон, Ҳар кӣ бихурду бидод, аз он чӣ биялфахт.
Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт
Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт, Бода андоз, к-ӯ суруд андохт! В-он ақиқин мае, ки ҳар кӣ бидид, Аз ақиқ гудохта нашнохт.
Бо ошиқон нишину ҳама ошиқӣ гузин
Бо ошиқон нишину ҳама ошиқӣ гузин, Бо ҳар кӣ нест ошиқ, кам кун қариниё. Бошад гаҳи висол бибинанд рӯи дӯст, Ту низ дар миёнаи эшон бибиниё.
Дили ман арзане, ишқи ту кӯҳе
Дили ман арзане, ишқи ту кӯҳе, Чӣ соӣ зери кӯҳе арзане ро?! Бибахшо, моҳи ман, бар ман бибахшо, Макуш дар ишқ хира чун манеро!
Ба номи неки ту, хоҷа, фирефта нашавам
Ба номи неки ту, хоҷа, фирефта нашавам, Ки номи неки ту дом асту зарқ мар нонро. Касе, ки дом кунад номи нек аз пайи нон, Яқин бидон ту, ки дом аст нон-ш мар ҷо
Биё, ёрам, ки чашмам музтариб баҳри тамошоят
Биё, ёрам, ки чашмам музтариб баҳри тамошоят, Куҷо рафтӣ, ки ёрон дар талоши омаданҳоят.
Ай ёри қамарсимо, ай мутриби шаккархо
Ай ёри қамарсимо, ай мутриби шаккархо, Овози ту ҷонафзо, то рӯз машин аз по! Судӣ, ҳамагӣ судӣ, бар ҷумла барафзудӣ, То буд, чунин будӣ, то рӯз машин аз по!
Маъшуқа ба сомон шуд, то бод, чунин бодо!
Маъшуқа ба сомон шуд, то бод, чунин бодо! Куфраш ҳама имон шуд, то бод, чунин бодо! Мулке, ки парешон шуд, аз шумии шайтон шуд. Боз они Сулаймон шуд, то бод, чу
Ай хоҷа, намебинӣ ин рӯзи қиёматро
Ай хоҷа, намебинӣ ин рӯзи қиёматро, Ин Юсуфи хубиро, ин хушқаду қоматро?! Ай шайх, намебахшӣ ин гавҳари шайхиро, Ин шаъшаи навро, ин ҷоҳу ҷалолатро?!
Гар з-он ки шавӣ толиб, ҷӯянда шавӣ бо мо
Гар з-он ки шавӣ толиб, ҷӯянда шавӣ бо мо, В-ар з-он ки найӣ мутриб, гӯянда шавӣ бо мо! Гар з-он ки ту Қорунӣ, дар ишқ шавӣ муфлис, В-ар з-он ки Худовандӣ, ҳам
Баҳор омад, баҳор омад, салом овард мастонро
Баҳор омад, баҳор омад, салом овард мастонро, Аз он пайғамбари хубон паём овард мастонро. Забони савсан аз соқӣ кароматҳои мастон гуфт, Шунид он сарв аз савсан,
Расид он шаҳ, расид он шаҳ, биёроед айвонро
Расид он шаҳ, расид он шаҳ, биёроед айвонро, Фурӯ бурред соъидҳо барои хуби Канъонро! Чу омад ҷони ҷони ҷон, нашояд бурд номи ҷон, Ба пешаш ҷон чӣ кор ояд, мага
Мусалмонон, мусалмонон, чӣ бояд гуфт ёреро
Мусалмонон, мусалмонон, чӣ бояд гуфт ёреро, Ки сад фирдавс месозад ҷамолаш ними хореро?! Маконҳо бемакон гардад, замонҳо ҷумла кон гардад, Чу ишқи ӯ диҳад ташри
Шаби қадр аст ҷисми ту, к-аз ӯ ёбанд давлатҳо
Шаби қадр аст ҷисми ту, к-аз ӯ ёбанд давлатҳо, Маҳи бадр аст рӯйи ту, к-аз ӯ бишкофт зулматҳо! Магар тақвими яздонӣ, ки толиъҳо дар ӯ бошад, Магар дарёи ғуфронӣ
Ай бигирифта аз вафо гӯша карон, чаро, чаро?!
Ай бигирифта аз вафо гӯша карон, чаро, чаро?! Бар мани хаста кардайӣ рӯй гарон, чаро, чаро?! Бар дили ман, ки ҷойи туст, коргаҳи вафойи туст, Ҳар нафасе ҳамезан
Бо ту ҳаёту зиндагӣ, бе ту фанову мурдано
Бо ту ҳаёту зиндагӣ, бе ту фанову мурдано, З-он ки ту офтобиву бе ту бувад фасурдано! Халқ бар ин бисотҳо бар кафи ту чу муҳрае, Ҳам зи ту моҳ гаштано, ҳам зи т
Дӣ бинавохт ёри ман бандаи ғамрасидаро
Дӣ бинавохт ёри ман бандаи ғамрасидаро, Дод зи хеш чошнӣ ҷони ситамчашидаро! Ҳуш фузуд ҳушро, ҳалқа намуд гӯшро, Ҷӯш намуд нӯшро, нур фузуд дидаро!
Растам аз ин нафсу ҳаво, зинда бало, мурда бало
Растам аз ин нафсу ҳаво, зинда бало, мурда бало, Зиндаву мурда ватанам нест ба ҷуз фазли Худо! Растам аз ин байту ғазал, ай шаҳу султони азал, Муфтаъилун, муфта
Ёр маро, ғор маро, ишқи ҷигархор маро
Ёр маро, ғор маро, ишқи ҷигархор маро, Ёр туйӣ, ғор туйӣ, хоҷа, нигаҳ дор маро! Нӯҳ туйӣ, рӯҳ туйӣ, фотиҳу мафтӯҳ туйӣ, Синаи машрӯҳ туйӣ бар дари асрор маро!
Хоҷа, биё, хоҷа, биё, хоҷа, дигар бор биё
Хоҷа, биё, хоҷа, биё, хоҷа, дигар бор биё, Дафъ мадиҳ, дафъ мадиҳ, ай маҳи айёр, биё! Ошиқи маҳҷур нигар, олами пуршӯр нигар, Ташнаи махмур нигар, ай шаҳи хаммо
Бодо муборак дар ҷаҳон суру арӯсиҳои мо
Бодо муборак дар ҷаҳон суру арӯсиҳои мо, Суру арӯсиро Худо борид бар болои мо! Зуҳра қарин шуд бо Қамар, тӯтӣ қарин шуд бо шакар, Ҳар шаб арӯсие дигар аз шоҳи х
Ай фасли боборони мо, баррез бар ёрони мо
Ай фасли боборони мо, баррез бар ёрони мо, Чун ашки ғамхорони мо дар ҳаҷри дилдорони мо! Ай чашми абр, ин ашкҳо мерез ҳамчун машкҳо, Зеро ки дорӣ рашкҳо бар моҳ
Ай аз варойи пардаҳо тоби ту тобистони мо
Ай аз варойи пардаҳо тоби ту тобистони мо, Моро чу тобистон бибар дилгарм то бустони мо! Ай чашми ҷонро тӯтиё, охир куҷо рафтӣ?! Биё, То оби раҳмат барзанад аз
Ай нӯш карда нешро, бехеш кун бохешро
Ай нӯш карда нешро, бехеш кун бохешро, Бохеш кун бехешро, чизе бидиҳ дарвешро! Ташриф диҳ ушшоқро, пурнур кун офоқро, Бар заҳр зан тарёқро, чизе бидиҳ дарвешро!

