Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2760

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1847

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1566

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1467

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1285

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1117

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1097

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 909

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 881

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 853

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 837

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 834

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 796

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 781

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 735

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Найнома

👁 723

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан

👁 715

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 706

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 702

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 695

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 695

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 686

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 660

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 650

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ватан

👁 625

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Ҳамаи шеърҳо

Ай навбаҳори ошиқон, дорӣ хабар аз ёри мо?!

👁 72

Ай навбаҳори ошиқон, дорӣ хабар аз ёри мо?! Ай аз ту обастан чаман в-ай аз ту хандон боғҳо! Ай бодҳои хушнафас, ушшоқро фарёдрас, Ай поктар аз ҷону ҷон, охир ку

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Рақсон суви гардун шавам, з-он ҷо суви бечун шавам

👁 86

Ҷуз вай чӣ бошад, к-аз аҷал андаррабояд кулли мо?! Сад ҷон барафшонам бар ӯ, гӯям: «Ҳанийян, марҳабо!». Рақсон суви гардун шавам, з-он ҷо суви бечун шавам, Сабр

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Дидӣ, ки ёр ҷуз сари ҷавру ситам надошт

👁 52

Дидӣ, ки ёр ҷуз сари ҷавру ситам надошт, Бишкаст аҳду аз ғами мо ҳеч ғам надошт. Ё Раб, магираш, арчи дили чун кабӯтарам Афканду кушту иззати сайди ҳарам надошт

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Булбуле барги гуле хушранг дар минқор дошт

👁 85

Булбуле барги гуле хушранг дар минқор дошт В-андар он баргу наво хуш нолаҳои зор дошт. Гуфтамаш: «Дар айни васл ин нолаву фарёд чист?» Гуфт: «Моро ҷилваи маъшуқ

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Ҷуз остони туам дар ҷаҳон паноҳе нест

👁 44

Ҷуз остони туам дар ҷаҳон паноҳе нест, Сари маро ба ҷуз ин дар ҳаволагоҳе нест. Адӯ чу теғ кашад, ман сипар бияндозам, Ки теғи мо ба ҷуз аз нолаеву оҳе нест.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Хоби он наргиси фаттони ту бе чизе нест

👁 26

Хоби он наргиси фаттони ту бе чизе нест, Тоби он зулфи парешони ту бе чизе нест. Аз лабат шир равон буд, ки ман мегуфтам: Ин шакар гирди намакдони ту бе чизе не

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Ҳосили коргаҳи кавну макон ин ҳама нест

👁 26

Ҳосили коргаҳи кавну макон ин ҳама нест, Бода пеш ор, ки асбоби ҷаҳон ин ҳама нест. Аз дилу ҷон шарафи суҳбати ҷонон ғараз аст, Ғараз ин аст, вагарна дилу ҷон и

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Равшан аз партави рӯят назаре нест, ки нест

👁 30

Равшан аз партави рӯят назаре нест, ки нест, Миннати хоки дарат бар басаре нест, ки нест. Нозири рӯйи ту соҳибназаронанд, оре, Сирри гесӯи ту дар ҳеч саре нест,

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Роҳест роҳи ишқ, ки ҳечаш канора нест

👁 53

Роҳест роҳи ишқ, ки ҳечаш канора нест, Он ҷо ҷуз он ки ҷон бисупоранд, чора нест. Ҳар гаҳ ки дил ба ишқ диҳӣ, хуш даме бувад, Дар кори хайр ҳоҷати ҳеч истихора

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Зоҳиди зоҳирпараст аз ҳоли мо огоҳ нест

👁 60

Зоҳиди зоҳирпараст аз ҳоли мо огоҳ нест, Дар ҳақи мо ҳар чӣ гӯяд, ҷойи ҳеч икроҳ нест. Дар тариқат ҳар чӣ пеши солик ояд, хайри ӯст, Бар сироти мустақим, эй дил

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Мардуми дидаи мо ҷуз ба рухат нозир нест

👁 34

Мардуми дидаи мо ҷуз ба рухат нозир нест, Дили саргаштаи мо ғайри туро зокир нест. Ашкам эҳроми тавофи ҳарамат мебандад, Гарчи аз хуни дили реш даме тоҳир нест.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Кас нест, ки афтодаи он зулфи дуто нест,

👁 33

Кас нест, ки афтодаи он зулфи дуто нест, Дар раҳгузари кист, ки доме зи бало нест? Чун чашми ту дил мебарад аз гӯшанишинон, «Дунболи ту будан гунаҳ аз ҷониби мо

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Моҳам ин ҳафта шуд аз шаҳру ба чашмам солест

👁 29

Моҳам ин ҳафта шуд аз шаҳру ба чашмам солест, Ҳоли ҳиҷрон ту чӣ донӣ, ки чӣ мушкил ҳолест. Мардуми дида зи лутфи рухи ӯ дар рухи ӯ Акси худ дид, гумон бурд, ки

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Ё Раб, ин шамъи дилафрӯз зи кошонаи кист?

👁 69

Ё Раб, ин шамъи дилафрӯз зи кошонаи кист? Ҷони мо сӯхт, бипурсед, ки ҷононаи кист? Ҳолиё хонабарандози дилу дини ман аст, То дар оғӯши кӣ мехуспаду ҳамхонаи кис

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Бинол, булбул, агар бо манат сари ёрист

👁 33

Бинол, булбул, агар бо манат сари ёрист, Ки мо ду ошиқи зорему кори мо зорист. Дар он замин, ки насиме вазад зи турраи дӯст, Чӣ ҷойи дам задани нофаҳои тоторист

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Хуштар зи айшу суҳбати боғу баҳор чист

👁 40

Хуштар зи айшу суҳбати боғу баҳор чист, Соқӣ куҷост, гӯ сабаби интизор чист? Ҳар вақти хуш, ки даст диҳад, муғтанам шумор, Касро вуқуф нест, ки анҷоми кор чист.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Агарчи арзи ҳунар пеши ёр беадабист

👁 38

Агарчи арзи ҳунар пеши ёр беадабист, Забон хамӯш, валекин даҳон пур аз арабист. Парӣ ниҳуфта руху дев дар карашмаи ҳусн, Бисӯхт ақл зи ҳайрат, ки ин чӣ булъаҷаб

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Рӯйи ту кас надиду ҳазорат рақиб ҳаст,

👁 37

Рӯйи ту кас надиду ҳазорат рақиб ҳаст, Дар ғунчаӣ ҳанӯзу садат андалеб ҳаст. Гар омадам ба кӯйи ту, чандон ғариб нест, Чун ман дар ин диёр ҳазорон ғариб ҳаст.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Марҳабо, эй пайки муштоқон, бидеҳ пайғоми дӯст

👁 83

Марҳабо, эй пайки муштоқон, бидеҳ пайғоми дӯст, То кунам ҷон аз сари рағбат фидои номи дӯст. Волаву шайдост доим ҳамчу булбул дар қафас Тӯтии табъам зи ишқи шак

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Сабо, агар гузаре афтадат ба кишвари дӯст

👁 36

Сабо, агар гузаре афтадат ба кишвари дӯст, Биёр нафҳае аз гесуйи муанбари дӯст. Ба ҷони ӯ, ки ба шукрона ҷон барафшонам, Агар ба сӯи ман орӣ паёме аз бари дӯст.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Он пайки номвар, ки расид аз диёри дӯст

👁 31

Он пайки номвар, ки расид аз диёри дӯст, Овард ҳирзи ҷон зи хати мушкбори дӯст. Хуш медиҳад нишони ҷалолу ҷамоли ёр, Хуш мекунад ҳикояту иззу виқори дӯст.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Дорам умеди отифате аз ҷаноби дӯст

👁 43

Дорам умеди отифате аз ҷаноби дӯст, Кардам ҷиноятею умедам ба афви ӯст. Донам, ки бигзарад зи сари ҷурми ман, ки ӯ Гарчи париваш аст, валекин фариштахӯст.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Сари иродати мо в-остони ҳазрати дӯст

👁 28

Сари иродати мо в-остони ҳазрати дӯст, Ки ҳар чӣ бар сари мо меравад, иродати ӯст. Назири дӯст надидам, агарчи аз маҳу меҳр Ниҳодам ойинаҳо дар муқобили рухи дӯ

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Он сиёҳчарда, ки ширинии олам бо ӯст

👁 27

Он сиёҳчарда, ки ширинии олам бо ӯст, Чашми майгун, лаби хандон, дили хуррам бо ӯст. Гарчи шириндаҳанон подшаҳонанд, вале Ӯ Сулаймони замон аст, ки хотам бо ӯст

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Дил саропардаи муҳаббати ӯст

👁 29

Дил саропардаи муҳаббати ӯст, Дида ойинадори талъати ӯст. Ман, ки сар дарнаёварам ба ду кавн, Гарданам зери бори миннати ӯст.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ
Саҳифаи 448 аз 1003