Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Хами зулфи ту доми куфру дин аст
Хами зулфи ту доми куфру дин аст, Зи користони ӯ як шамма ин аст. Ҷамолат муъҷизи ҳусн аст, лекин Ҳадиси ғамзаат сеҳри мубин аст.
Зи гиря мардуми чашмам нишаста дар хун аст
Зи гиря мардуми чашмам нишаста дар хун аст, Бибин, ки дар талабат ҳоли мардумон чун аст. Ба ёди лаъли туву чашми масти майгунат Зи ҷоми ғам майи лаъле, ки мехур
Манам, ки гӯшаи майхона хонақоҳи ман аст
Манам, ки гӯшаи майхона хонақоҳи ман аст, Дуои пири муғон вирди субҳгоҳи ман аст. Гарам таронаи чанги сабӯҳ нест, чӣ бок? Навои ман ба саҳар оҳи узрхоҳи ман аст
Рӯзгорест, ки савдои бутон дини ман аст
Рӯзгорест, ки савдои бутон дини ман аст, Ғами ин кор нишоти дили ғамгини ман аст. Дидани рӯи туро дидаи ҷонбин бояд В-ин куҷо мартабаи чашми ҷаҳонбини ман аст?
Лаъли сероби ба хун ташна лаби ёри ман аст
Лаъли сероби ба хун ташна лаби ёри ман аст, В-аз пайи дидани ӯ додани ҷон кори ман аст. Шарм аз он чашми сияҳ бодашу мижгони дароз, Ҳар кӣ дил бурдани ӯ диду да
Ба доми зулфи ту дил мубталои хештан аст
Ба доми зулфи ту дил мубталои хештан аст, Бикуш ба ғамза, ки инаш сазои хештан аст. Гарат зи даст барояд муроди хотири мо, Ба даст бош, ки хайре ба ҷойи хештан
Равзаи хулди барин хилвати дарвешон аст
Равзаи хулди барин хилвати дарвешон аст, Мояи муҳташамӣ хидмати дарвешон аст. Ганҷи узлат, ки тилисмоти аҷоиб дорад, Фатҳи он дар назари раҳмати дарвешон аст.
Сӯфӣ аз партави май рози ниҳонӣ донист
Сӯфӣ аз партави май рози ниҳонӣ донист, Гавҳари ҳар кас аз ин лаъл тавонӣ донист. Қадри маҷмӯаи гул мурғи саҳар донаду бас, Ки на ҳар к-ӯ варақе хонд, маонӣ дон
Ба кӯи майкада ҳар солике, ки раҳ донист
Ба кӯи майкада ҳар солике, ки раҳ донист, Даре дигар задан андешаи табаҳ донист. Замона афсари риндӣ надод ҷуз ба касе, Ки сарфарозии олам дар ин кулаҳ донист.
Гул дар бару май дар кафу маъшуқ ба ком аст
Гул дар бару май дар кафу маъшуқ ба ком аст, Султони ҷаҳонам ба чунин рӯз ғулом аст. Гӯ, шамъ маёред дар ин ҷамъ, ки имшаб Дар маҷлиси мо моҳи рухи дӯст тамом а
Дар ин замона рафиқе, ки холӣ аз халал аст
Дар ин замона рафиқе, ки холӣ аз халал аст, Суроҳии майи нобу сафинаи ғазал аст. Ҷарида рав, ки гузаргоҳи офият танг аст, Пиёла гир, ки умри азиз бебадал аст.
Эй Сада, эй ҷашни асли ориёӣ
Эй Сада, эй ҷашни асли ориёӣ, Тоҷикему ориёӣ ҷашни моӣ. Бо Каюмарсу Ҳушангу бо Фаридун Оташ афрӯзем то айвони гардун.
Бар кори сухан он ки гирифтор шавад
Бар кори сухан он ки гирифтор шавад, Як лаҳза на дар пайи дигар кор шавад. Шоир ҳама шаб хун хураду гӯяд шеър, То насли башар ба ҳамдигар ёр шавад.
Фарқ аст миёни башару ҳайвоне
Фарқ аст миёни башару ҳайвоне, Гарчи набувад ҳар башаре инсоне. Шоистагиат дор нигаҳ, чун ту фақат Дар даҳр ба шоистагиат инсонӣ.
Умраш, ки надорад арзише ҷуз хӯрдан
Умраш, ки надорад арзише ҷуз хӯрдан, Ларзад, ки расид аҷал барои бурдан. Оне, ки ҳаёташ ба ҷаҳон меарзад, Як зарра ҳаросаш набувад аз мурдан.
Мардон чи каманду шукр аҳли дарданд
Мардон чи каманду шукр аҳли дарданд, Номарду лаин вале ҷаҳон пур карданд. Гар халқ даруни ҳамдигарро бинанд, Аз бим чу аз гург гурезон гарданд.
Бар ҳад нарасидем, ки беҳад бошем
Бар ҳад нарасидем, ки беҳад бошем, Додем зи каф яку куҷо сад бошем. Мо нақд нахоҳем шунидан ҳаргиз, Аммо ҳама хоҳони хушомад бошем.
Хомӯш набошӣ, ба садое нарасӣ
Хомӯш набошӣ, ба садое нарасӣ, Доро нашавӣ, гар ба гадое нарасӣ. Ҷуз бихрадиат ба ҳар амал боз каме Девона набошӣ, ту ба ҷое нарасӣ.
Ушшоқ ба ёди ёр агар ҳар рӯзанд
Ушшоқ ба ёди ёр агар ҳар рӯзанд, Аммо шабу рӯз дилбарон месӯзанд. Дар арсаи ишқ ҳеҷ мағлубе нест, Ошиқ агаранд, ҳар ду ҳам пирӯзанд.
Эй ёри замин, ошиқи гардун ҳам бош
Эй ёри замин, ошиқи гардун ҳам бош, Якранг ту чандӣ, ки дигаргун ҳам бош! Хоҳӣ, ки хирад бувад мададгор туро, Суқротӣ агар, як зар(р)а Маҷнун ҳам бош!
Афсӯс, нагардад бадӣ аз олам гум
Афсӯс, нагардад бадӣ аз олам гум, В-асло нарасад мардумӣ аз номардум. Пеши паси зиштон накунад фарқ, ки мор Заҳраш ба даҳон дораду каждум дар дум.
Сад гуна кунад умр ба ту амру хитоб
Сад гуна кунад умр ба ту амру хитоб, Гар тоби итобат набувад, созад итоб. Дарё зи сари мо бигузашту хамушем, Фарёди шумост маҳзи як қатраи об?!
Ҳар шом, ки одамӣ ниҳад мижжа ба ҳам
Ҳар шом, ки одамӣ ниҳад мижжа ба ҳам, Ором раҳо мешавад аз ғуссаву ғам. Он гаҳ, ки шавад ба бомдодон бедор, Эй кош, ки бедор шавад бахташ ҳам.
Ман аз азал омада, абад мехоҳам
Ман аз азал омада, абад мехоҳам, Некӣ ба авом беадад мехоҳам. Ҳоҷат набарам ба Қайсару бар Доро, Аз ҳикмати Суқрот мадад мехоҳам.
Равӣ аз кӯчаҳо хушбахту масрур
Равӣ аз кӯчаҳо хушбахту масрур, Чиноросо бари шаҳраҳ кашӣ қад. Баланд аз хеш гардӣ ҷониби нур, Ки бо гардун шавӣ ҳамрозу ҳамқад.

