Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бо ту ҳаёту зиндагӣ, бе ту фанову мурдано

Бо ту ҳаёту зиндагӣ, бе ту фанову мурдано, З-он ки ту офтобиву бе ту бувад фасурдано! Халқ бар ин бисотҳо бар кафи ту чу муҳрае, Ҳам зи ту моҳ гаштано, ҳам зи ту муҳра бурдано! Гуфт: «Дамам чӣ медиҳӣ? Дам ба ту ман супурдаам, Ман зи ту бехабар наям дар дами дам супурдано!». Пеш ба саҷда мешудам пуштхамида чун шутур Хандазанон кушод лаб, гуфт: «Дарозгардано! Бин, ки чи хоҳӣ кардано, бин, ки чӣ хоҳӣ кардано, Гардан дароз кардаӣ, пунба бихоҳӣ х(в)ардано!».