Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Биё, ёрам, ки чашмам музтариб  баҳри тамошоят

Биё, ёрам, ки чашмам музтариб  баҳри тамошоят, Куҷо рафтӣ, ки ёрон дар талоши  омаданҳоят. Зи мо рафтӣ, валекин пеши олам  дар миён ҳастӣ, Ва бо мардум, ки мерақсанд дар  тарзи суханҳоят... Зи ту омӯхтам халқи ҷаҳонро ҳифзи  ҷон кардан, Китоби дӯстиро дилнишин кардам  ба имоят. Ба ёд овардаам як шеъри Бедил  аз барои ту, Ҳамин як армуғон овардаам баҳри  таманноят. «Нафас дар сина накҳатошёни  хулди тавсифат, Нигаҳ дар дида шабнампарвари  боғи тамошоят».