Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2591

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1705

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1443

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1391

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1122

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1048

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1027

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 840

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 828

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 790

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 730

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 728

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Забон гумкарда

👁 714

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 698

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 684

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 659

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 631

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 625

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 615

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Найнома

👁 613

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 604

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 581

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 573

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ватан

👁 564

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 557

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳамаи шеърҳо

ЗАН БОШАД МУДОМ

👁 13

Баҳр агар тӯфон кунад, гӯянд: – Кори офтоб, Бод агар исён кунад, гӯянд: – Кори офтоб. Абр агар борону барф орад, гуноҳи офтоб, Жолаи чун санг агар борад, гуноҳи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

МОДАРАМ

👁 38

Тифл мондам аз ту, модар, рӯи ту дар ёд нест, Қомати ту, чашми ту, абрӯи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чунки то имрӯз, модар, кӯи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ДАР БОЗОРИ КИТОБ

👁 54

Ба бозори китоб афтод рӯзе Гузори шоири дар тобу сӯзе. Умеде дошт, ки бинад китобаш, Китоберо, ки бурд аз дида хобаш.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

БЕТАРАФ

👁 15

Дар Женева субҳ ояд бетараф, Рӯз чашмашро кушояд бетараф, Офтоб аз дар дарояд бетараф, Хонаро равшан намояд бетараф.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ЯК НИГОҲ

👁 8

Ҷустуҷӯ кардам каломи рехта, То барам сӯяш паёми рехта. То ки он шоистаи номаш бувад, Чун қиёми бода дар ҷомаш бувад.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ОФАРИН, ДИЛ!

👁 16

Офарин, дил, занги аввалро надодастӣ ҳанӯз, Дар мақомат бе танаффус истодастӣ ҳанӯз, Мехурӣ ғамҳои оламрову шод астӣ ҳанӯз, Андаруни оташӣ, оҳанниҳодастӣ ҳанӯз.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

БА РАСУЛ ҒАМЗАТОВ

👁 13

Ман ба Доғистони ту бе шишаю ҷом омадам, Гарчи аз Помир чун авлоди Хайём омадам. Аз сари кӯҳи баланди Тоҷикистон парзанон Бо тақозои дилу таҳрики айём омадам.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

РӮДИ МАН

👁 14

Рӯди ман, олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон, Сарзаминат пурсамар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ТАРОНАИ РӮД

👁 13

Рӯди кӯҳӣ, ту сароӣ ба ҳавои дили ман, Ҷӯр созӣ нафасатро ба садои дили ман. Шӯр дар сина ниҳон, рақскунон мегузарӣ, Огаҳ астӣ магар аз дарду давои дили ман?

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ТИРУКАМОН

👁 28

Дирӯз баъди борон тирукамон баромад, Байроқи навбаҳорон партавфишон баромад. Аз қатраҳои борон дар офтоби тобон Рухсора тар намуда, абрӯкамон баромад.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ТОК ВА ЗАМИН

👁 10

Боғбон токи ҷавонро ба буридан сар кард, Шираи ток чу ашке ба чакидан сар кард. Синаи хок – дили модари деринаи мо – Чун дили дардкашида ба тапидан сар кард.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ЗАМИН

👁 22

Дар фазо парвоз кардам гарчи аз рӯи замин, Чашмро аммо намекандам ман аз сӯи замин. Бо ситора ҳамнишин, бо моҳ гаштам ҳамнафас, Лек будам сархушу сармаст аз бӯи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ТИРАМОҲ

👁 31

Шуҳрати бисёр дорад тирамоҳ, Номи лангардор дорад тирамоҳ. Дасти боло, рӯи хандон, чашми сер, Домани пурбор дорад тирамоҳ.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

БО ЧАШМИ ТУ

👁 17

Обрӯи ишқро чашми ту бардорад баланд, Фитнаи ағёрро мардона нанмояд писанд. Чашмро, эй ҷони ман, аз сӯи ман ҳаргиз макан, Чунки дорад ҳар нигоҳи дӯст як дунёи п

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ГАРДИ РОҲ

👁 11

Гарди роҳ овардаӣ ту дар сари мижгони худ, Кулфати шабҳои ноором дар чашмони худ. Ҳазлро партофта, гӯё ки дар аснои роҳ Кардаӣ хомӯшии бисёрро сомони худ.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ҚАСДИ ПАҲЛӮИ ОФТОБ КУНЕМ

👁 8

Гуфта буд як рафиқ аз Найроб, Ки «Шабе гар бубиниам дар хоб, Дар сари хатти устувоям ман, Сару по аз миён ҷудоям ман.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ДИЛ БАРНАГАШТ

👁 16

Тоҷиконро Украина интизорӣ мекашид, Интизорӣ аз камоли дӯстдорӣ мекашид, Кӯчаву боғаш нафасҳои баҳорӣ мекашид, Сабза ҳам нақши гилеми ёдгорӣ мекашид.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

БАРНО ЙИГИТ

👁 20

Ба Ғафур Ғулом Шастсола шоири маҳбуби мо, Дӯсти ҷонӣ, рафиқи хуби мо. Мо ғуломи табъи пурҷӯши туем,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ОБ ҲАМ ДАРЁ ШУДАСТ

👁 16

Хостам хомӯш як ҷое, нашуд, Шеър бинвисам ба танҳоӣ, нашуд. Кунҷи танҳоӣ диламро танг кард, Сатрҳои назмро беранг кард.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ОБИ ДУШАНБЕ

👁 50

Аз кӯҳи баланд аст равон оби Душанбе, Тар карда лаби ташналабон оби Душанбе. Ҳарчанд, ки ҷорист ба сад асру замонҳо, Бо ёди Ватан монда ҷавон оби Душанбе!

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ҲАМИН КОФИСТ

👁 23

Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист, Фидои як каломат, як саломат ман, ҳамин кофист.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ДАСТИ МОДАР

👁 33

Бо ҳамон дасте, ки чодар сӯхтӣ, Гулхани шаъну шараф афрӯхтӣ, Бо ҳамон дасте, ки боғ оростӣ, Кишвари гул-гул шукуфон хостӣ,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ТАРОНАИ ИШҚ

👁 20

Шоири бе ишқ мурғи бе пар аст, Беҳарорат моҳу беҷон пайкар аст. Шоиронро ишқ Ҳотам мекунад, Сарбаланди рӯи олам мекунад.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ДАРАХТИ БУЛУТ

👁 13

Ҳафтсадсола як дарахти булут Асрҳо боз кардааст сукут. Шоху баргаш ҳанӯз ҳам сабз аст, Шира дар тан, ҳаёт дар қабз аст.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

НОНУ НАМАК

👁 22

Ба пеши чашм хандон духтарак буд, Ба дасти духтарак нону намак буд. Ба чашми ҳар яки мо чашм афтод, Ду чашми софтар аз яшм афтод.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода
Саҳифаи 193 аз 1000