Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

БЕТАРАФ

Дар Женева субҳ ояд бетараф, Рӯз чашмашро кушояд бетараф, Офтоб аз дар дарояд бетараф, Хонаро равшан намояд бетараф. Манблан сар то фалак бардошта, Осмонро бар кафи худ дошта, Зинату зеби ҷаҳон ғундошта, Дил зи бинанда рабояд бетараф. Медурахшад дар уфуқ моҳи ҳилол, Мезанад фаввораҳо кӯли зулол.1 Мурғ дар тори ҳаво бикшода бол, То дили шаб месарояд бетараф. Кӯҳсори Алп орому хамӯш, (Қадбаланду сарсафеду сабзапӯш), Ҳам Женева, ҳам Париж, ҳам Рим гӯш Асрҳое менамояд бетараф. Хоби шаб оҳиста гардад ҳукмрон, Қатъ гардад бӯса аз ширин лабон, Дасти ёре афтад аз китфи ҷавон, Хоб дар шаб кард бояд бетараф. Ошиқон карданд, аммо тарки хоб, Вақти онҳо буд гӯё беҳисоб, Роз гуфтанд аз дили пуризтироб, Ишқро будан нашояд бетараф. Дар Женева кӯлест, ки дар дохили он фаввораи калоне ҷӯш мезанад.